М.САДРИДДИН МУНОФИҚИ БЕИМОН АСТ!

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо, ҳастанд афроде, ки барои пиёда намудани ҳадафҳои нопоки худ обру ва эътиқоди миллату мардуми тоҷикро зери суол баранд. Аз ҷумла, яке аз ҳаммаслакони ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф мебошад, ки бо ёрии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфта, барои бадном кардани сиёсати одилонаи имрӯзаи Ҳукумат роҳҳои ғаразнокро пеша кардааст. Дар давоми моҳи декабри соли равон ин хоини бешараф тариқи барномаи ифротиаш, вобаста ба масоили Артиши миллӣ, роҳбарити мақомоти қудратӣ бо суханҳои беасос тӯҳмату ғайбат намуд.Чун солҳои қабли боз бо ин васила мехоҳад фикру ақидаи дигаронро вайрон созад. Бори дигар Муҳаммадиқболи Садриддин ва умуман ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ таъкидан ёдрас мекунем, ки имрӯз хеҷ кас ақидаи шахсӣ ва сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад!
Бояд қайд кард, ки ин афрод, воқеан ҳам мунофиқи беимон аст. Мунофиқ ба шахсе гуфта мешавад, ки зоҳиран худро шахси ватандӯст ва покизакор нишондода, аммо дурӯя дар замираш ниятҳо ва ҳадафҳои нопокро парвариш менамояд. Мунофиқ аз беимон ҳам бадтар аст. Умуман хар як хонандаи закӣ аз баромадҳои хоини бешараф-Муҳаммадиқболи Садриддин дарк менамояд, ки ин афрод дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд. Агар Муҳаммадиқболи Садриддин аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи качу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекард. Баробари ин, аз ақидаи дини мубини исломӣ ёдовар шуда, таъкидан хотиррасон менамоем, ки муъмин бародари муъмин, ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор. Воқеан аз ин гуфтор Муҳаммадиқболи бешараф хеле дур аст. Агар огаҳ мебуд ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ бадгӯӣ, тафриқаҷӯӣ, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар барномаю созмонҳои хориҷӣ садо баланд намекард…
Бо дарназардошти маълумотҳои зикршуда хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки амалҳои бадахлоқонаи ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, ки тариқи ВАО пахш мегарданд, аз беимонию бевиҷдонӣ ва пастфитратӣ ва хиёнатомези онҳо гувоҳӣ медиҳад. Мо ҳамавақт суханҳои М.Садриддини бешараф ва пайравони ТТЭ ҲНИ-ро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки ин мунофиқони беимон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *