ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

 

Санаи 26 январи соли ҷорӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда шуд, ки он дар соли барои мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ, яъне 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ватани азизамон пешниҳод гардид. Дар Паёми Президент самтҳои асосии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатамонро таҳлил карда шуданд.

Воќеан дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Соли 2020 барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла барои кишвари мо низ соли вазнин буд, вале бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Сараввал, дар суханронии худ Президенти кишвар иброз намуданд, ки бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйиротҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Қайд карда шуд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт. Соли 2020 ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар гардид.

Соли гузашта новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди

андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд. Инчунин, дар Паём оиди наќши низоми бонкї дар рушди иќтисодиёти кишвар сухан карда шуд. Аз ҷумла иброз караднд, ки пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар дар соли 2020-ум 17,2 фоиз афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил карданд, ки ин гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва эътимоди мардум ба ташкилотҳои қарзӣ мебошад.

Илова бар ин, дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум ду фоиз зиёд мебошад.

Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуданд.

Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем.

Инчунин, қайд кардан бомаврид аст, ки бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод карда шуд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда мешаванд.

Иқдоми мазкур барои рушди соҳа, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ба роҳ мондани коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.

Мӯъминова Н.Р. н.и.и., муаллимаи

калони кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *