Ҷаласаи онлайнӣ дар доираи лоиҳаи UNICAC.

Сешанбеи гузашта, 26 январи соли 2021 вохӯрии маҷозӣ доир ба лоиҳаи UNICAC аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар семинар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ДИС ДДТТ), Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ), Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд (ДТИТ) иштирок карданд.
Ин вохӯрӣ бо мақсади баррасӣ кардани қадамҳои минбаъда дар доираи WP3 UNICAC: Рушди нерӯи байналмиллалигардонӣ дар таълим/омӯзиш/тадқиқот (T/L/R) ва WP5: Шабакаи байниминтақавӣ барои байналмиллалигардонӣ ва ҳамкории донишгоҳҳо баргузор шуд.
Шарикон марҳилаҳо ва рӯйдодҳои дарпешистодаи лоиҳаро дар бораи имконияти ташкили ҳаракат дар байни донишгоҳҳо, баргузории конфронсҳо, амалисозии нақшаи паҳнкунӣ ва сохтани платформа барои дастгирии устувории лоиҳа муҳокима карданд.
Ғайр аз он, мутахассисони ДИС ДДТТ ва ДТИТ дар бораи дурнамои таҳкими муносибатҳои байни онҳо дар доираи таълим, омӯзиш ва тадқиқот бо роҳи бастани созишномаҳои дуҷониба барои ҳаракати  мобилияти донишҷӯён, кормандон ва барномаҳои дугонаи дипломӣ, мусоидат ба фаъолияти муштараки илмӣ ва интиқоли дониш сӯҳбат карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *