Паёми Пешвои миллат – муҳимтарин фишанги такондиҳанда барои амалисозии барномаҳои стратегии давлатӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди муваффақи сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону духтарон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ дар оғози соли нав ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Яъне Паём суханони барномавии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як рӯйдоди муҳим ва фараҳбахш дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки дар баробари дигар вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои мамлакат низ Паёми Сарвари давлатро ба Маҷлиси Олии мамлакат сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу талоши хешро равона хоҳанд сохт.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба соҳаи иқтисод ва андоз низ диққати махсус зоҳир карда, аз ҷумла таъкид намуданд, пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ кардааст.

Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад. Ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав супориши қатъӣ дода буданд ва дар Паёми навбатии хеш таъкид намуданд, ки масъулонро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи он ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам содаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд. Инчунин, гуфта шуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бахши хусусӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, қайд намуданд, ки «мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем».

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.

Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намудааст.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ҳоло бахши хусусӣ бомаром инкишоф ёфта, имрӯз саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ дар кишвар ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Қайд гардид, ки дар соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шудааст.

Тавре дар Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ҳадаф аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад. бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв гузаронида шавад.

Вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат таъкид карда шуд, ки дар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буданд ва танҳо соли 2020–ум ин нишондиҳанда аз 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар натиҷа дар соли 2020 шумораи корхонаҳои

саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад.

Инчунин дар Паём оиди нақши системаи бонкӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар сухан карда шуд.

Таъкид гардид, ки пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар дар соли 2020 –ум 17,2 фоиз афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки ин гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва эътимоди мардум ба ташкилотҳои қарзӣ мебошад.

Дар паём инчунин доири имтиёзҳое, ки барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳод гардидааси, сухан рафт, ки он ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ мебахшад.

Масалан, дар соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расидааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст.

Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.

Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст.

Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст.

Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.

Ҷаноби олӣ дар паёми худ ба яке аз масъалаҳои муҳими кишвар дар алоҳидагӣ қайд намудаанд, ки дар соли 2021 масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ дар мадди аввал мебошад.

Вобаста ба ин, Президенти кишвар ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо тавсия намуданд, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд.

Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд. Ин як омили муҳим дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулотҳои кишоварзӣ арзёбӣ карда мешавад.

 Раҳматов Б.Б. н.и.и.,

дотсенти кафедраи молия ва

қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *