Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили суботи ҷомеа

 

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарвраи бисёр муҳим – арафаи ҷашни 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бамаврид ироа шуда, баҳри пешрафти соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии халқи кишвари ҳамешабаҳорамон дастури муҳиме маҳсуб меёбад. Дар ин радиф қайд кардан ба маврид аст, ки дар Паёми санаи 26.01.2021. ироакардаашон Пешвои муаззами миллатамон нисбати тамоми самтҳои ҳаёти мамлакат суханронӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани меҳани куҳанбунёдамон моро роҳнамоӣ намуданд.

Сарвари давлат дар мадди аввал нисбати соҳаи тандурустӣ суханронӣ намуда, нисбати 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ равона гардидани маблағҳои иловагиро дар соли 2020 иброз доштанд.

Чуноне, ки дар Паём қайд гардид, иқтисодиёти кишвар дар соли гузашта ба ҳамаи мушкилотҳои баамаломада нигоҳ накарда 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ба 8,2 миллиард сомонӣ баробар гаштааст. Сарвари мамлакат иброз доштанд, ки соли сипаригашта 300 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ва беш аз 6500 ҷои корӣ, 157 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои умумӣ барои 63000 нафар хонанда 108 муассисаҳои тиббӣ ва дар масоҳати 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Пешвои муаззами миллат нисбати пешрафти соҳаҳои дар боло зикршуда суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфтааст.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар нисбати он диққати беандоза дода шуд, ҳар чи тезтар гузаштан ба стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ, маҳсуб меёфт. Чуноне, ки қайд гашт бо вуҷуди ҳамаи пешравиҳо масъалаи гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузаронии электронӣ, аз ҷумла низоми хариди электронии давлатӣ то ҳанӯз ҳал нагаштаанд. Бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби сармоягузории мустақим, ки ба шаффофияти он стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) замина фароҳам меоваранд, ба вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор оид ба ҷорӣ намудани СБҲМ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектони манфиати умум ва дигар субъектони хоҷагидорӣ супоришоти дахлдор дода шуд.

Ҷӯраев М.Б. – ассистенти баҳисобгтрии

бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити МДТ ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *