ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МО

 

Санаи 26 январи соли равон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда шуд. Паёми навбатӣ ҳамчун Паёмҳои қаблӣ фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ҳам сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд.

Барои шунидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толору синфхонаҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тамоми устодон ва донишҷўёни кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар якҷоягӣ бо дигар устодону донишҷўёни донишкада ҷамъ омаданд. Паёми Пешвои миллат аз соати 10 оғоз гардида, дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радио ба таври мустақим пахш гардид. Чунин иқдом бори дигар собит менамояд, ки муҳаббати беандозаи омўзгорону толибилмон нисбати сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле самимӣ буда, онро ҳар сол бесаброна интизорӣ мекашанд, зеро сатҳи зиндагии шоиста, тинҷиву осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ аз ҳамин иқдомот нумӯъ мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоим миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути назари хирадмандона дурнамои фаъолияти хешро бо истифодаи салоҳиятҳои конститутсионӣ пешкаши аҳли ҷомеа сохта, бо боварии комил иқтисодиёту сиёсати ҷоннокгаштаи мамлакатро бо диди оқилона дар шароити кунунӣ таҳлил намуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистонро  омӯзишу мутолиа, хулосабарорӣ намоем ва чун дафтари хотира барои худ қайд сохтану дар кори хеш онро нақшаи роҳнамо истифода бурдан барои ҳар як омўзгор ва донишҷў ва инчунин ҳар як шаҳрванд қарзи шаҳрвандӣ ҳисобида мешавад. Он ҳамчун як дастури раҳнамо мисли солҳои пешин метавонад дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда, барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватандӯст барномаи мукамали солонааш бошад.То ҳар яки мо бо ҳидоят ва пешниҳоду шароити мусоид ба роҳ мондаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо максадҳои нек қадам сўи фардои дурахшони ватанамон монда бошем.

 

Алиев А. – муаллими калони кафедраи

баҳисобгтрии бухгалтерӣ, таҳлил ва

                                             аудити МДТ ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *