Мо аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ оид ба баромадҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон, ки вобаста ба ҳодисаҳои дар шаҳри Хоруғ рухдода мебошад, ибрози андеша менамоем.
Пеш аз андешаронии масъалаи мазкур аз оғози таърихи навини мамлакатамон ёдовар шуда, қайд кардан зарур аст, ки кишвари азизамон, солҳои 90-уми асри гузашта ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуда буд, бо талошҳои шабурӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сулҳу оромӣ аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки нангу номус, тавоноии Пешвои муаззами миллат аз тамоми манфиатҳои шахсӣ боло дониста шуда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошт.
Вобаста ба баромадҳои вакилони халқи ВМКБ оид ба вазъи дар шаҳри Хоруғ ва Рошткалъа ва Муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Дарвоз, ки аз ҷониби Давлатзод Ҳаким Алишӣ, вакили халқи вилояти мазкур аз ҳавзаи интихоботии №49 қироатгардида, қайд менамоем, ки ин иқдом воқеан баёнгари вазъи сиёсии тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини волоияти қонун мебошад ва мо аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ онро якдилона дастгирӣ менамоем.
Вобаста ба баромадҳои вакилони мардумӣ ва ҳодисаҳои рухдодаи санаҳои 25-28 ноябри соли равон, ки мо тибқи расонаҳои хабарӣ огаҳӣ ёфтаем, аз ҷумла вокуниши Ёдгор Файзов, собиқ раиси ВМКБ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи телевизионӣ бо номи “Нерӯи қонун” доир ба масъалаи мазкур иброз дошт, ба худ хулосаи зарурӣ баровардаем. Аз ҷумла, қайд менамоем, ки воқеан сокинони ВМКБ маърифатпарвару самимӣ ва меҳмоннавозу меҳнатдӯстанд, вале, мутаассифона, кирдорҳои шахсони алоҳида, аз қабили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, даст доштан дар гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир, риоя накардани талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ин мардуми бонангу ори кӯҳистони тоҷикро аз ҷиҳати манфӣ муаррифӣ менамояд. Бо изҳори боварӣ қайд менамоем, ки бо кордонии кормандони КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми боору номуси Бадахшон пеши роҳи ҷинояткор ва афроди роҳгумзада гирифта шуд. Хушбахтона фазои сулҳу субот дар мамлакат зери сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абади боқӣ мемонад.
Мо аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ аъзои ҷудонашавандаи ҷамъият мебошем ва бояд масъуляти худро дар назди ҷамъият ҳис карда, дониши худро дар амалисозии сиёсати давлат, барои тарбияи ҷавонон бо ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии онҳо сарф намоем.
Омӯзиши дастаҷамъонаи ин маҷлиси вакилони ВМКБ ҳайати профессорону омӯзгорони боргоҳи илму маърифатамонро водор месозад, ки бо ҷалби нерӯи зеҳнии устодону донишҷӯёни фаъоли донишкада корҳои тарғиботиро дар байни ҷавонон оид ба масъалаҳои матраҳгардида ба роҳ монем.
Дар фарҷоми изҳороти хеш бояд бо боварӣ изҳор намуд, ки халқи сулҳпарвари Бадахшон шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта, осмони соф намуда, минбаъд низ баҳри сулҳу суботи кишари соҳибистиқлоламон талош меварзанд.