Парокандагӣ аз нифоқ хезад

Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

Ватани маҳбубамон ва халқи шарифи он дар остонаи санаи муҳими таърихии тақдирсоз қарор доранд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, бисту се сол муқаддам – 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҳамон рӯзи саид ҷумҳурии азизамон ба марҳалаи навини сарнавиштсоз қадам ниҳод. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданду ашки шодӣ мерехтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб гардидан ба мақоми олии мамлакат дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1992 гуфта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…». Ин маромро пайваста думболгирӣ намуданд, ки 16-уми январи соли 1994 ба ҳамватанон муроҷиат намуда, ононро аз Ватани ягонаи барои ҳамагонамон азиз – Тоҷикистон ҳушдор дода, таъкид менамуданд: «Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори Шумоянд ва бовар доранд, ки Шумо имрӯзу фардо боз дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард».

Имрӯз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳалаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозоргонӣ, иқтисодӣ, миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.

Мо дар куҷое бошем, дар кадом ҷабҳае заҳмат кашем, бояд фаромӯш накунем, ки ободии Тоҷикистон, осудагии халқ, фаровонии мулк, амнияти мардум ба меҳнати ҳалолу ҳисси масъулиятшиносии ҳар яки мо вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар як фарди фидоии Ватану миллатро лозим аст, ки бо дасту дили пок, ғайрату матонат дар ободии Ватанамон саҳм гузошта, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем.

 Раҷабмаҳмад Раҷабов,

Исроилҷон Иброҳимов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *