Андешаҳои муғризонаи Муҳаммадиқболи  Садриддинро маҳкум менамоем

 

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чаҳорчуби сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос шуд.

Раиси вилоят аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиён ва Ҷамоати шаҳраки Бӯстон рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимии навбунёд, қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ ва толори варзишии «Паҳлавонони Суғд»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулин ҷиҳати истифодаи масолеҳи ватанӣ дар корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд омода намудани иншоот дастур ва тавсияҳо дод. Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд гардида истодаанд.

Муассисаи таълимии навбунёди шаҳраки Ганҷобод аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо харҷи 12 млн. сомонӣ барои 650 нафар хонанда дар як баст сохта шуда, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Сохтмон-3» ба иҷро мерасонанд. Айни ҳол корҳои сохтмонии иншоот босуръат идома дошта, корҳои пардозкунии бино ҷараён доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар бо корҳои сохтмонии монументи «Пахтаи шукуфон» шинос шуд. Иншооти мазкур бахшида ба ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон бунёд хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа сутунпояи монумент 10 метр, андозаи худи пахтаи шукуфон 5 метр, баландии умумии иншоот 17,4 метр мебошад. Дар болои сутунпоя ва поёни пахта, кураи замин ва дар рӯйи он навиштаҷоти «Ноҳияи Мастчоҳ» дарҷ гардидааст.

Сохтмони Қасри фарҳанг бо ҳазор ҷои нишаст, варзишгоҳи марказӣ бо даҳ ҳазор ҷои нишаст, толори варзишии «Паҳлавонони Суғд», боғи фарҳангӣ- фароғатӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдони Парчами давлатӣ бо ҳидоят ва дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бомаром идома доранд.

Мутассифон, имрӯзҳо якчанд ашхосони бадкина бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд дар Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд, ҷалб намоем. Чунончӣ, рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ оид ба таҷлили Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ навиштаҳои иғвоангез ва бардурӯғу пур аз тӯҳмат, ки заминаи воқеӣ надоранд ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, онҳо худро «адолатпарвар» шуморида аз номи мардуми сарбаланди Мастчоҳ суханҳои бемантиқ ва беасос пеш аз пода ҷанг хезонда истодааст. Аммо онҳо кистанд ва чӣ мақсаду ғаразҳои нопок доранд, ҳама хуб медонад. Кадом амалҳои некашонро халқи тоҷик медонад? Воқеан мардуми сарбаланди Мастчоҳ худашон хеле хуб метавонанд сафедро аз сиёҳ ҷудо намоянд.

 

Ин шахсияти ноошоно бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дастур гирифтааст, ки бештар минтақаи шимоли кишварро  зери тозиёнаи “танқид” қарор диҳад ва ба ҳамин ҳадаф далелу асноди дурӯғро дар мақолаҳои хеш қатор кардааст.

 

Се матлаби ӯ оид ба Мастчоҳ ва мастчоҳиён бозгӯи гуфтаҳои болоиянд. Маълум, ки барои овардани далелҳои подарҳаво ин “маҳбуби миллат” нафарони иғвоангезу дассисабоз такя мекунад. Ӯ аслан медонад, ки дар шараёни мастчоҳиён хислатҳои мардонагиву тавонмандӣ аз азал ҷой гирифтааст, бо истифода аз эҳсосҳои мардум мехоҳад ҷонибдорони худро зиёду бештар бар зидди давлат равона кунад.

 

Ҳамаи мо хуб медонем, ки бо иқдоми раиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди ин ё он минтақа кулли тантанаҳои ҷашнӣ дар сатҳи баланд доир мегарданд. Ба ёд овардани ҷашнҳои умумиллӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Истаравшан, Кӯлоб, Ҳисор, Конибодом, Исфара, Панҷакент,  Данғара ва Бохтар бозгӯи гуфтаҳои болоиянд. Ба шарофати ҷашнҳо ин бостоншаҳрҳо ҷавонии дигар ёфтанд. Ин навбат Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки дар ҷашни Ваҳдат шодишарики мардуми Дилварзини  тоҷикон гардад. Аммо ин нотавонбинон ва нотавонмандони миллат дигар мавзӯъ наёфта, хостанд аз пашша фил созанд.

 

Ин навиштаро рӯи қоғаз оварда, ба хотир сафари чанд сол қабл анҷомдодаи Сарвари давлат дар рӯзҳои наврӯзии Масчоҳиён омад. Дар гӯшаи хотири касе набуд, ки маркази ноҳияи Масчоҳ, ки шаҳраки Бӯстон аст, ба ин қадр зебову қомат афрохтани ҳайкали Имсоили Сомонӣ гулгаштҳои зебои хиёбонҳояш ба шодии мардум сурури бештар зам мекунад. Аз чеҳраҳои шоду чорабинии фарҳангии мардуми адабпарвару шоирхези ноҳия эҳсос мешуд, ки мастчоҳиён ташнаи дидори меҳмонони олиқадр ҳастанд ва ҳар сухану ҳиҷои Пешвои муаззами миллатро бо сидқи дил мепазиранд.

Доир ба масъалаи матраҳшуда бо боварии комил  метавон  гуфт, ки  умуман кулли сокинони кишвари азизамон аз ҷумла, мардуми ноҳияи Мастчоҳ худашон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳоро махкум карда истодаанд. Бинобар ин, имрӯз Тоҷикистону тоҷикистониён ба ин гуна ашхоси фитнаангез эҳтиёҷ надоранд. Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Қаюмов А,

Азимов А,

Раҷабов Р,

Қоситов О.,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *