ҲАМДИГАРФАҲМӢ ВА ОСОИШ МАРОМИ ХАЛҚИ ТОҶИК АСТ!

 

Мо дар арафаи таҷлили ҷашни 23-умин солгарди Ваҳдати миллиамон қарор дорем. Имрӯз ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда,  солҳои 90-уми асри гузаштаро ёдовар шудан зарур аст.

Мусаллам аст, ки баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Осиёи Марказӣ,  ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихан дар он ҷойгир аст, ба минтақаи бархӯрди (тақсими) манфиатҳо табдил ёфт. Дар навбати худ аз бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ дар минтақа истифода бурда, ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷинояти муташаккилона ва қочоқи маводи нашъадовар авҷ гирифт. Ниҳоят дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он бесарусомониро ба вуҷуд овард. Яке аз сабабгорони ин руйдодҳои нанговар ҳизбҳои мазҳабӣ-сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби назҳати исломӣ буда, аз солҳои 70-уми асри ХХ фаъолияташро оғоз намудааст. Ҳадафи аслии ҳизб ба даст овардани ҳукумати кишвар буда, махсусан, баъди эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаъолиташро ҷоннок намуд. Дар натиҷа замини тоҷикон ба кушторгоҳи бузурги бародар бо бародар (панҷ сол идома дошт) табдил ёфта, ҳазорҳо одамон кушта ва миллионҳо мардум фирории иҷборӣ шуданд. Иқтисодиёти кишвар дар ҳамаи самтҳо таназзул ёфта, беш аз 7 млрд. доллари амрикоӣ хисорати иқтисодӣ дид. Сатҳи зиндагӣ аз рӯи ҳамаи нишондидҳандаҳо хеле паст рафт, ки то имрӯз таъсири онро дар ҳолати тандурустии аҳолӣ ва паст будани сатҳи дониши насли солҳои 1990-ум ҳис кардан мумкин аст. Дар ҳақиқат дар солҳои 90уми асри гузашта оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошт. Имрӯзҳо ҳама дарк кардаанд, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд  гуруҳҳои  ифротгаро мебошад.  Дар сари ҳамин гуна гуруҳҳои ифротгаро шахсияти хиёнакори миллат Муҳиддин Кабирӣ буда, кӯшиш менамояд, ки ҷавонони гумроҳро ба сӯи ҷангу хунрезӣ хонад. Гурӯҳҳои ифротгаро ба монанди салафия, ваҳобия ва ТЭТ ҲНИ, “Гурӯҳи -24” ва ғайраҳо мехоҳанд, ки дар кишвари мо ҷанги дубора авҷ гирад ва намонядагонаш ба ҳадафҳои нопок ва наговари худ бирасанд. Маҳз бо ташаббуси ҳамин гуна шахсиятҳои дурӯя ва хиёнаткори ҷомеа баъзе давлатҳо майдони ҷангу хунрезӣ гардидааст. Ин гурӯҳҳо имрӯз берун аз кишвар бо дастури хоҷагонашон кӯшиш доранд бо ҳар ҳар гуна ҳиллаву найранг ва ҳадафҳоинопоки худ Тоҷикистонро дубора бадном созанд.

Хулоса ба гурӯҳҳои ифротии дар боло зикршуда таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик тоҷик аст!.. Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии  фарзанди бузургаш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Ба азму талоши фузун, пайкорҳои созандагиву бунёди Пешвои маҳбуби мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Истиқлолияти муқаддаси мо ва ноил гаштан ба Ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, тақвият ёфта, кишвари азизамон рӯз аз рӯз рушди тоза меёбад.

 

Кормандони шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии МДТ ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *