ПАРЧАМ – БАРАНГЕЗАНДАИ ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.
Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадима дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардум мебошанд.
Рамзҳо хеле гуногунанд, мисли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, мӯҳри давлатӣ ва ғайра. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат ончунон мавқеи худро устувор кардааст, ки мазмуну моҳияти муҳим касб менамояд. Имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни Парчам наметавон тасаввур намуд.
Дар таърихи қадимии рамзҳо Парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома» – и Абулќосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид. «Дирафш» аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад.
24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз гардид. Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.
Дар ҳама давру замонҳо Парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери Парчам чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол сипаҳсолорон лашкарро ба майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд. Пеш-пеши лашкар ва барои дар сафи пеши лашкар устувор доштан ва пеш бурдани лашкар сарбози далеру шуҷоъ ва ҷасурро интихоб мекарданд, ки ӯро маъмулан парчамдор, аламбардор ва ё байрақбардор мегуфтанд.
Ин вазифаи ифтихорӣ ва масъул буд, ки ба шахсони далеру ватандӯст бовар карда мешуд. Ҳар як ҷузъу томи артиш, лашкар, қисми ҳарбӣ агар ба забони имрӯза гӯем (дивизия, армия, фронт), парчами худро дошт ва ҳоло низ ҳамин тавр аст. Ҳар қалъа низ парчами худро дошт. Ҳангоми амалиётҳои ҳарбӣ Парчам чун рамз ва нишони озодӣ, далерӣ, нангу номус ва шараф ҳифз ва эҳтиёт карда мешуд. Агар лашкар дар муҳориба шикаст хӯрад, парчами худро аз даст диҳад – ин амал чун нишони нанговару шармовар дониста мешуд.
Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.
Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид.
Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон Парчами миллӣ афрохта шудааст, ки бешубҳа, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳру ноҳияҳо ҳусну зебогии тоза мебахшад.
Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Бразилия медали тилло ба даст овард ва парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои 31 – уми тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Давоми солҳои охир даҳҳо ва садҳо нафар ҷавонону варзишгарони тоҷик, чун Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева, Мурод Тӯйчиев, Комроншоҳи Устопириён, Асрор Воҳидов ва дигарон дар чемпионатҳои бонуфузи Осиёву байналмилалӣ ғолибият ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаҳо ба ифтихори ин ғолибон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, Парчами Тоҷикистон боло бардошта мешавад.
Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносанд. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, таърихиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.
Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида мешавад, ки бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.
Дар ин росто 12 октябри соли 2016 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор партавафшонӣ мекунад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида мешаванд, ки ин ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд.
Хулоса, Парчам дар ҳар давру замон рамзи нангу номуси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ ва ба ҳисоб рафта, эҳтирому арҷгузорӣ намудан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарзанди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
Мирзокомил КОМИЛОВ,
донишҷӯ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *