ПАЙМОНИ МИЛЛӢ ВА Ё ПАЙМОНИ АВБОШОН?!

Аз ибтидои солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз карда, то ба имрӯз як зумра хоинони ватан зимоми амалҳои тахрибкоронаро ба даст гирифтаанд. Аз рӯзе, ки онҳо ба иҷроиши нақшаҳо ва ҳадафҳои нопоку душманоннаи ТТЭ ҲНИ оғоз карданд, ҳамагон гуфтанду мегӯянду, ки тамоми фаъолияти ин гурӯҳи ҷинояткор бар муқобили арзишҳои миллии кишвари мо равона гардида, душмани ашадии меҳану миллати мо маҳсуб меёбанд. Воқеан дар гузашта ва ҳоло низ андешаҳое дар расонаҳо матраҳгардида, асоснок шудаанд, ки аз ҷониби хаммаслаку пайравони ТТЭ ҲНИ таҳдидҳо ба ҷомеа ва давлату миллати тоҷик ҷой дорад. Роҳбарият ва пайравони ТТЭ ҲНИ мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқеъгирӣ ва тафсирҳои авомонаву муғризонаи раёсати шӯрои фирории ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бо номи Паймони милли.. (калимаи Тоҷикстонро зарур намешуморем) намоён шуда, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад. Аз ин рафтору гуфтори рахбарияту пайравонаш бешубҳа Паймони авбошон буданаш дарак медиҳад. Таҳлилҳо собит менамояд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои ҷиноятию фиребгар ва найрангбозе, чун ТТЭ ҲНИ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан худро мусичаи бегуноҳ нишон диҳад. Воқеан роҳбарону намояндагони ТТЭ ҲНИ бар зидди арзишҳои миллату меҳани мо душманӣ мекунанд. Ҳамагон хеле хуб медонанд, ки онҳо ба хотири пулу моли ночиз ҳайсият, шахсият ва номуси инсонии хешро осон фурӯхта, ба бешарафтарин, беномустарин, пасттарин ва разилтарин фард табдил ёфтаанд. То ба сатҳи пасттарин худро пеши хоҷагони хориҷиашон паст задаанд.
Дар миёни мардум мақоли маъмуле роиҷ аст. Мегӯянд “офтобро бо доман пӯшонда намешавад”. Дар робита ба ин ёдовар шуда қайд кардан зарур аст, ки ҳарчанд борҳо гуфтему боз мегӯем, аммо ҳанӯз ҳам ба гӯши намояндагон САҲА нарасид, ки нарасид, боке надорад, барои мо фарқе ҳам надорад, ки дар баробари инсонҳои комил ва соҳибмаълумот боз чанд фоҳишаву авбош дар ҷаласаҳои САҲА ширкат меварзанд. Шахсан низоми кории САҲА ҷанг андозу тамошо бикун” ба ман писанд нест. Дуюм масъала ин иштироке нафароне ҳаст, ки онҳо мухолифи як давлат хондан худ айб аст.
Дар фарҷоми андешаи хеш, бо назардошти масъалаи матраҳгардида метавон хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки чанд тан аз авбошу ҷинояткорони палид бо таъсисе гӯё созмоне бо номи «Паймони миллӣ» худро мухолифу мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Бо рафтору кирдори номатлубашон онро лонаи Паймони авбошон гуфтан ҷоиз аст, ки мувофиқ ба рафтори хоинони миллат аст!

ТУХСАНБОЕВА Х.М.,
корманди китобхонаи
электронии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *