ИЗҲОРОТИ шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ доир ба маҳкум намудани ҳодисае, ки санаи 25 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ба вуқӯъ пайваст

Мо кормандони шуъба муноқишаи байни намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва тарафдорони Зиёбеков Гулбиддинро, ки рӯзи 25 ноябр ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод, пурра шадидан маҳкум менамоем.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ вазифи худро иҷро карда истодаанд ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба қонун итоат кунад.
Тарафдорони Зиёбеков Гулбиддин бар он ақидаанд, ки мақомот пешаки аз нақшаи боздошти ӯ огоҳанд ва барои ин баҳона меҷӯянд. Ин суханҳо ягон далел надоранд.
Мо кормандони шуъба таъкид менамоем, оид ба гирдиҳамоӣ ташкил кардани тарафдорони Зиёбеков Гулбиддин пурра ғайриқонунӣ мебошад. Баробари ин бояд, қайд кард, ки сокинони ватанпарасту худогоҳи ҷумҳурӣ ва бурунмарзӣ аз ҳодисаи бавуқуъ омада бетарафӣ зоҳир накарда, ҷиҳати пешгирии чунин қонуншиканиҳо ва эътирозҳо роҳ надиҳанд. Мо бояд, шукронаи якпорчагии давлат ва зиндагии осоиштаро ҳеҷгоҳ фаромӯш накунем!
Дар фарҷоми изҳороти хеш хотиррасон менамоем, ки Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *