ПАЙГИРИ РОҲИ РОСТ БОШЕМ!…

ПАЙГИРИ РОҲИ РОСТ БОШЕМ!…

Мақсади аслӣ ва асосии баёнияи навбатии Ҳибзи наҳзати исломии Тоҷикистон (аз 26 январи соли 2016) интиқоди шадидуллаҳни «маҷмўи рафторҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд соли ахир нисбати ҳизбу ҳаракат, созмонҳо, расонаҳо ва шахсиятҳои мустақили фарҳангӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ» буда, ин гуна равиш тамоман нодуруст «баёнгари шакл гирифтани як низоми диктотурӣ дар кишвар» ба шумор омадааст.

Аз тарафи дигар, дар тарҳи навбатӣ чанде аз қазияҳои марбут ба рўйдодҳои моҳи сентябри соли 2015, қатъи фаъолияти ҲНИТ ва эълони он ба унвони созмони террористӣ, қабули қонуни нав дар бораи ”пешвои миллат’’ ва оғози раванди воридсозии тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни кишвар сабаби ташаннуҷ ва номўътадилии вазъи носуботи кишвар муаррифӣ шудааст. Аз ҳама асосӣ, пешвоёни тарҳи ҳизбиро ин як нуктаи ҳассосу муассир – «таъмини ҳокимияти якумра ва бемаҳдуди як нафар (як хонавода) болои миллат ва дар ихтиёри онҳо қарор додани қудрати низомиву сиёсӣ ва тамоми сарватҳои миллӣ» ба ташвишу изтироби сахту шадид овардааст. Аз ин ҷиҳат, сиёсати имрўз барои ҳизбиёни исломӣ он «сиёсати ғайримиллӣ ва ғайриқонунӣ»-е будааст, ки «шароити сахти иқтисодиву иҷтимоии мардум дар натиҷаи буҳронҳо ва аз пуштибонии миллат маҳрум будан, онҳоро водор кард, то қабл аз амалӣ кардани ин тарҳ саҳнаро аз ҳамагуна мухолифин пок бисозад ва фазои тарсу ҳаросро дар ҷомеъа ба вуҷуд биоваранд». Аммо чӣ гуна ва бо кадом далел мо нақшаи тарроҳишудаи ҳукуматро амалан «ғасби ҳокимият» ба шумор оварем? Ин қазияест, ки аз мо эҳсоси ҷиддӣ ва амиқи эҳтироми давлат ва  масъулияти миллатсозиро дар шароити имрўз тақозо менамояд.

Мо борҳо гуфтем ва ҳозир низ сари ин андеша қарор дорем, ки ҳар гуна баҳсу мунозира дар қазияҳои ҳассос хоса дар шароити ҳозира то чӣ ҳадди харобоваре метавонад ба раванди бебозгашти сулҳу субот дар кишвар, андешаи солиму созандаи кишвардорӣ, фикри томравои миллӣ ва миллатсозӣ осебе мерасонад.

Аввалан, Шўрои сиёсии ҲНИТ бо ин гуна изҳорот набояд ба ҷалби таваҷҷўҳи мардум ба харҷу марҷ ва кашида шудани онон ба моҷарои сиёсӣ роҳ диҳад, ки ҳаргиз ин чора ва салоҳи боз ҳам беҳтар шудани вазъи кишвар нест ва нахоҳад буд. Баръакс, мо бо ин шеваи номатлуб раванди созандагиҳои куллии ҷомеаи тоҷикро дар шароити беш аз 20-солаи истиқлолии худамон носипосона нодида мегирем. Ин ободиву созандагие, ки имрўзҳо ба таври фаровон дар расонаҳои хабарии кишвар гуфта ва таъйид мешавад, натиҷаи татбиқи нодири раванди сулҳ ва инкишофи тадриҷии сатҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо аст, ки ҳатто хирасар ва хирачашме низ набояд онро мавриди инкор ва тардиду шубҳа қарор диҳад. Тоҷикистон дар ҳақиқат дар зарфи чанд соли ҷангу ошўбзадагии сиёсиву иҷтимоӣ бо мушкили азим ва талафоти зиёди рўҳиву равонӣ аз ботлоқи харҷу марҷи сиёсӣ берун шуд, мардум ба душворӣ ва дар фурсати зиёд, пас аз хастагии фарсудакунанда нафаси озод кашид. Хидмати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули раванди сулҳ ва инкишофи сатҳи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар хидмати беназире анҷом дод. Аммо ин изҳорот сурати акси кишвари моро талқину тарғиб менамояд. Суоле бармеояд, ки чӣ зарурат дорад, раванди эҳёи кишвари тоҷик осеб пазирад, дубора халқи заҳматкаш талафоти рўҳиву равонӣ ва ҷисмӣ диҳад, зисти бомароми худро, ки солҳо ба сад хуни ҷигар ба роҳ мемонад, гум кунад.

Сониян, чунин муносибати моҷароҷўй метавонад торҳо ва эҳсосоти нозуки мардумро дар роҳи майлонҳои тахрибкорӣ аз нав бедор кунад ва ба ангезиш оварад, ки ин рафтор ҳам моҳиятан аз даст додани ҷилави амну осоиш дар ҷомеа ба шумор меравад. Дуруст аст, ки дар шароити ҳозир бо роҳи мусолиҳаомези росту солимақл, салоҳиятмандона метавон калиди роҳи ҳаллу фасли масъаларо бояд ёфт, аммо агар ин муаммо бо амри ба ҷўш овардани эҳсоси нозуки ҷангҷўёна ва мунозирахоҳонаи мардум ва бедор кардани ҳисси нафрати онон ба ҳамдигар омезиш ёбад, на ба манфиати миллату кишвари якпорчаи Тоҷикистон, балки бар суди харобкорони он хоҳад буд. Ин амр бо дасти худ дубора чанг задан ба амнияти кишвар ва пеш доштани роҳи зиндагии навини осоишёбанда маҳсуб мешавад.

Бинобар ин, дар ҳар амри марбут ба кишвардорӣ ва миллатсозӣ, дар ҳама гуна изҳороти расмии сиёсӣ набояд ба шўру шарари худкома роҳ дод, ки моҳиятан маънии ҷўш додани нафрату адовати ниҳони мардумро дорад. Дар ин изҳороти сиёсӣ тасмиму иқдомоти мақомоти давлат ба такрор “иттиҳомоти бардурўғ ва бедалел алайҳи ҲНИТ, ишораҳои тўҳматангез ва бадбинона алайҳи масҷид, ҳизбу ҳаракатҳо ва расонаҳои хабарӣ» маънидод шуда, равиши ҳукуматӣ «сиёсати душмантарошӣ ва нафратангезӣ алайҳи кишрҳое аз миллат» муаррифӣ гаштааст. Аммо худи ин изҳорот ҳам, ба назари мо, идомаи он изҳоротҳоест, ки қаблан бо ҳадафи ташаннуҷ додани вазъи сиёсии кишвар ва осеб пазируфтани раванди сулҳ дар Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буданд.

Саволи хеле мантиқӣ пеш меояд: Алҳол бо кадом меъёру далел ва бо такя ба кадом равиш ҳукуматро ба амри «дур кардани диққати мардум аз аҳдшиканиҳо, қонунвайронкуниҳо ва нотавониҳои худ дар роҳи ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мардум» муҷрим ба шумор меоварем? Ин хулоса, албатта, далоили қотеъеро мехоҳад, ки мавзўе комилан зидду нақиз бар манфиати суботу оромӣ дар кишвар аст, танҳо ва танҳо бар суди ҳавохоҳони дубора ба харобӣ кашидани ҷомеа ва мардуми тоҷик, муташанниҷ гардонидани вазъи беҳтаршудаистодаи кишвар мебошад.

Мо нав нафаси тоза дар роҳи расидан ба шукуфоии миллӣ кашидем, қоматамон аз ҷанги бемаъниву адоватбиёр рост шуд, аз мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ раҳо мешавем, соҳаҳои ҳаёти халқ ба таҷдид ва ислоҳот расиданд. Акнун ба дарки солими консепсияи миллатсозӣ имкони мусоид фароҳам омад, расидан ба арзишҳои куллӣ ва томравои истиқлолӣ дар заминаи маънавияти асили аҷдодӣ, ислоҳоти куллии низоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву маърифатӣ поя ва ғояи аслии пешрафти кишвари моро бозгў мекунад. Набояд ин ҳамаро ба боди фано дод.

Бар ҳамагон чун рўзи равшан маълум аст, ки ҳукумат дар тайи чанд сол кўшиш ба харҷ дод, то барномаи томравои растагории миллиро пеш гирад ва равиши тафаккури аҳли миллатро бар ин поя устувор гардонад, ки маънии чунин амалкард ҳаргиз маънии «ҳамаи миллатро манқурт ва як тўдаи бераҳму бемаънавиёт» сохтан надорад. Ин хулоса, ки дар ин давлат гўё «ҷиноятҳои зиддибашарӣ иродаи ҳамаи ҳокимият набуда, хоси қисме аз он аст, ки аз лиҳози арзишӣ ва маънавӣ рабте ба ин миллат, дину фарҳанг надоранд», ба фаҳмиши маҳдуду тангназарона ва ғайриусулии нафарон ва ё гурўҳе хос аст, ки хоҳони расидан ба авҷи қудратмандӣ ва хоставу ниёзҳои аз ҳад бештари худкомагӣ ҳастанд. Имрўз бо чунин тарзи фаҳмиш ба равиши зисту зиндагии осоишта дар кишвар халал мерасад. Модоме соҳибони изҳорот «таъмини амну субот, манфиатҳои миллӣ, озодиву ҳуқуқи инсонро аз авлавияти худ меҳисобад» пас, бояд ба ин нукта эътимод дошта бошем, ки имрўз давлат ва кишвар аз пайи иҷрои ҳамин вазифаи асосӣ ва кафили риояву иҷрои босуботи он аст, на мухолиф ба «арзишҳои ҳама миллату динҳо ва меъёру қонунҳои давлатҳои таърихӣ ва муосир», ки дар «тўли таърих танҳо низомҳои фошистӣ аз он истифода кардаанд».

Албатта дар ин фурсати таърихи сохтмони навини Тоҷикистон гўши мо ба шунидани чунин ҳарфҳои даҳшатангез як навъ одат ҳам кардааст, аммо, бо вуҷуди ин, гарм кардани бозори баҳсу мунозира, бедор кардани ҳисси нафрату адовати мардум на кори савобест, ки имрўз бояд пайи он равем ва оташи ситезро ангеза диҳем. Мо ҳамеша дар сари чунин андеша қарор дорем, ки имрўз ва минбаъд ҳаллу фасли масъала дар заминаи муколама, гуфтугў, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар сурат бигирад ва танҳо фарҳанги баландпояи аҷдодӣ роҳи ҳалли масоил шинохта шавад. Мо бовар дорем, ки ҷавҳари аслии масъала ва дарёфти калиди ҳаллу фасли дурусту солими муаммои сангину пурихтилофи сиёсӣ-иҷтимоӣ дар чаҳорчўби санаду қонунҳои мавҷудаи кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ ба шароити замониву маконӣ бозгў шудааст, ки дарки ҷиддии он моро боз ҳам бештар дар як марҳалаи хоси ҳамфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа қарор хоҳад дод ва аз бунбасти фикру ақидаи мухталифи мухолиф бо ваҳдат ва якпорчагии миллӣ раҳо хоҳад бахшид…

Субҳонҷон Аъзамов –

мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *