Хатари мавҷудияти ҲНИТ дар ҷомеаи Тоҷикистон

Ахмедов Н.И. – устоди

ДДҲБСТ

Хатари мавҷудияти ҲНИТ дар ҷомеаи Тоҷикистон

          Ҷинояткории муташаккил ҳамчун падидаи мураккаб ва танзимгардидаи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, пайдоиши он ба раванди рушди робитаҳои бисёрҷониба таъсири манфӣ расонида, маҷмўи ҷиноятҳои таркиби мураккабдоштаро нисбат ба шахсон, ҷамъият ва давлат амалӣ месозад.

          Айни замон, терроризм ва экстремизми динӣ ҳамчун ҷинояткории муташаккил ба мушкилтарин масоили ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.

          Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ алалхусус дар шароити ҷаҳонишавӣ, арзиши хоса пайдо намудааст. Маълум аст, ки пештар низ ҳолатҳои содир намудани амалҳои террористӣ ҷудогона вуҷуд доштанд, лекин имрўз дар асри таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба воситаи ташкилотҳои экстремистидошта характери байналмилалиро гирифтааст.

          Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба дастовардани Истиқлолияти худ ҳамчун аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткории байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзид.

          Лозим ба ёдоварист, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рўзи  баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро маҳсули андешаи миллӣ номиданд, зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати  соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад.

          Тоҷикистони имрўза ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст. Мутаассифона амалҳои террористӣ ва экстремистӣ ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ расонида,  сулҳу оромии ҷомеаро халалдор месозад. Шаҳодати гуфтаҳои боло амалҳои зиддиқонунии  роҳбарон ва пешвоёни  собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва аъзоёни он мебошад, ки онҳо тўли чанд соли охир теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма  норозигию иѓво ва кинаю адоват барангехтанд ва ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардид ва баъдан ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷовуз карданд.

         Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти амалӣ намудани нуқтаҳои асосӣ ва бандҳои алоҳидаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиноятҳои махсусан вазнини содирнамудаи собиқ аъзоёни ҲНИТ-ро бахшида буд, ки охирон аз чунин муносибати адолатонаю инсондўстона хулосаҳои зарурӣ набароварда, боз даст ба ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин заданд. Кирдорҳои содирнамудаи пешвоён ва аъзоёни собиқ ҲНИТ нишон дод, ки онҳо бар хилофи муқаррароти оинномавии худ баромад намуда, кўшиш ба харҷ доданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои террористӣ – экстремистӣ халалдор созанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақсади асосии собиқ ҲНИТ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти ҷамъиятию давлатӣ иборат будааст. Маҳз аз ин рў, 29 сентябри соли 2015 Суди Олӣ  аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода, бо санади судӣ  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ – террористӣ) эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии ҲНИТ баста эълон дошт, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизбро ба пуррагӣ манъ намуд.

         Ҳарчанд, ки собиқ ҲНИТ даст ба ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин задааст ва чунин амалҳои он дар мурофиаи судӣ нисбати аъзоёни дастгиршудаи он тасдиқи худро ёфтааст, вале ба ин нигоҳ накарда роҳбарон ва пешвоёни  собиқ ҲНИТ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, ки айни ҳол дар кофтукови умумиҷаҳонӣ қарор дорад, кўшиш ба он равона намуда истодааст, ки бо ҳар роҳу восита дар ҷаласаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баромад намояд ва баҳри исботи гўё фаъолияти «қонунии» худ нисбат ба миллат ва давлати хеш тўҳмат занад.  Аз рўи адолат қайд кардан ба маврид аст, чунин муносибат ва рафтор барои шахсоне, ки даст ба амалҳои террористию экстремистӣ задаанд, ҳаргиз роҳи халос шуда наметавонад.

Қобили қайд аст, ки 8 июни соли 2016 Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) собиқ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кард. Қабули чунин қарор аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мавҷудияти  ҲНИТ натанҳо ба  амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳои дуру наздик  низ хатари ҷиддӣ дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *