ҲНИТ-МИНБАРИ ИҒВО ДАР ХОРИҶА

           ҲНИТ-МИНБАРИ ИҒВО ДАР ХОРИҶА    

Пас аз роҳандозии барномаҳои муғризона Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба таҳлили вазъияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон пардохта, онро ба таври худ шарҳу тафсир карда, кўшиши ба таҳлука андохтани сокинони кишвар нҷом додааст. Чунин ранг гирифтани масъала идомаи барномаҳои муғризонаву тафриқаандозии ҲНИТ мебошад, ки бо маслиҳати хоҷагону душманони хориҷии миллати тоҷик рўйи кор омадааст. Дар солҳои навадуми асри гузашта низ ҳамин гуна майлонҳои ҷоҳталабонаву мансабхоҳонаи роҳбарони ҲНИТ боиси ба вартаи ҳалокат афтодани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон гардида буд. Шўрои сиёсии ҲНИТ имрўз ин ҳадафҳоро аз чашми халқ пинҳон намуда, ҳаракати баррасӣ намудани «маҷмӯъи рафторҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро намуда, бо усули иғвову тафриқаандозӣ сокинони мамлакатро ба тарсу воҳима андохтанӣ шудааст. Бояд таъкид намоям ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби терористӣ барои аз нав ба хоку хун оғушта кашидани кишвари азизамон ҳодисаи моҳи сентябрро ба вуҷўд овард, ҳуқуқи маънавии таҳлилу баррасии фаъолияти фарзандони сарсупурдаву бедори миллатро, ки тайи ду даҳа як кишвари ҷангзадаро ба як гулистони шукуфон табдил дода, ваҳдату ягонагиро дар фурсатҳои кўтоҳ таъмин намуданд, надорад.

Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, ки бо марги муовини хиёнаткори вазири дифоъи кишвар Абдуҳалим Назарзода ба охир расид, ҳадафҳои ин созмони террористиро, ки дар либоси ислом дар Тоҷикистон фаъолият намуда, мардумро гумроҳ карданӣ шуданд, ошкор сохт ва бар асари ин ҳодиса шумори зиёди роҳбарону фаъолони ин созмони терористӣ хушбахтона ба паси панҷараи адолат рафтанд.

Як нуктае, ки Шўрои сиёсии ҲНИТ таъкид намудааст, ин ба қабули Қонун дар бораи ”Пешвои миллат’’ иртибот дорад. Бояд таъкид намоям, ки қабли ин қонун иродаи мустақили мардуми тоҷикро нишон дод ва бори дигар бозгў намуд, ки халқи тоҷик хидматҳои ҳар нафареро, ки барои сулҳу амонӣ ва беҳдошти сатҳу сифати ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии халқ нигаронида шудааст, қадр менамояд. Аз ин ҷиҳат, қабули Қонун дар бораи «Пешвои миллат» азму иродаи мардумро нисбат ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, бозгў менамояд. Бо назардошти ҳамин масоил метавон таъкид намуд, ки агарчи дар Тоҷикистон ҳар иқдоме хоҳ дар бахши фарҳанг ё иқтисодиёт, саноат ё ҳуқуқ, ё хоҳ воридсозии тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни кишвар рўйи кор ояд ҳамчун ҳалқаҳои як занҷира, ба хотири як ҳадаф сулҳу ваҳдат, истиқрор ва таъмини зиндагии хубу осоиштаи мардум сурат мегирад. Барои  ҳамин ҳар монеае, ки дар дар ин самт бо тарҳи пешакӣ ва бомақсади ҷиноӣ эҷод мешавад, аз ҷониби масъулини кордону коромўхтаи ҳукумати мамлакат бартараф мегардад.

Мо ҷавонон бояд дар шароити сахти вусъатёбии бҳрони молиявӣ, ки ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардум бетаъсир намемонад ҳамчун пуштибонии миллат барои амалӣ нагардидани тарҳи хиёнаткоронаи зархаридони хориҷии кишвари азизамон Тоҷикистон кўшиш намуда, саҳнаро аз ҳамагуна мухолифин пок созем ва фазои тарсу ҳаросро, ки моҳи сентябри соли 2015 намояндагони ҲНИТ эҷод сохтаанд, ба ҳолати осоиштагиву ором, якдигарфаҳмӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада буд, бармегардонем ва намегузорем, ки ҳар нохалафе ба кишвари азизамон газанд расонад.

Р. Абдуллоев

сармутахассиси раёсати корҳои илмӣ тадқиқотии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров,

номзади илмҳои филологӣ.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *