ПАЙДОИШИ ТЕРОРИЗМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ФОҶИАБОРИ ОН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

Ғафурова Ф.К.
Ассистент-муаллимаи кафедраи
Назарияи иқтисодӣ  ДИС ДДТТ

Дар асри XXI ҳизбу ҳаракатҳои динии хусусияти иртиҷоидошта як шакли наверо ба худ гирифт, ки он бо тавасути Интернет содир мегардад ва бо ҳар гуна тасвирҳои кинаю адоват, ки он хусусияти экстремизми диниро дорад, паҳн гаштааст. Дар айни ҳол терроризм ва экстремизм дар соҳаи итилооти компьютерӣ хеле хавфнок мебошад.
Маҳфуми экстремизм  якумин маротиба дар Конвенсияи Шанхай «Дар бораи мубориза бар зиди терроризм, экстремизм ва сепаратизм» муқаррар гардида буд . Дар ин санади меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ифротгароӣ ҳамчун содир намудани амале, ки он ба бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва инчунин  содир намудани ҷиноятҳои ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла бо ин мақсадҳо ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва иштирок дар он (моддаи 185 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) равона гардидааст, фаҳмида  мешавад.
Тероризми байналхалқӣ аз давраи пайдоиши хеш то ба имрӯз фақат боиси қатлу ғорат вайронкориву сӯзандагӣ, ғаму андӯҳи  одамон гашта, дар ягон гӯшаю олам баҳри ободонию беҳбудии инсоният ҳиссагузорие накардааст. Илҳомбахшони ҳаракатҳои терористию экстримистӣ, ки ҳанӯз дар системаи дуқутбии ҷаҳон (сотсиалистӣ ва сармоядорӣ ) ИМА ва пайравони ӯ буданд, бо ду мақсад баҳри пайдоиш ва ташкили ингуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ маблағгузорӣ мекарданд.
Аввалан, ин қувваҳоро алайҳи ИҶШС раҳнамоӣ карда  ин давлати абарқудрати системаи сотсиалистиро аз нуфуз маҳрум намудан  ва роли лидериро соҳиб гаштан ва сониян, тавассути ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар ҳудуди давлатҳои рӯ ба инкишоф (давлатҳои шарқи мусулмон), ки дорои боигариҳои зиёди табиианд, бенизомиҳоро авҷ гиронда, баъдан дар зери даъвату шиорҳои “Ёрии башардӯстона ” ва ё “Таъмини оромии сайёра” ба он ҷойҳо сар дароварда иқтисодиёту сиёсати онҳоро зери назорат ва тасарруфи худ даровардан аст.
Инак, баъди аз миён рафтани ИҶШС барин давлати бонуфуз ва рӯз ба рӯз қудрат пайдо намудани давлатҳои Шарқ барномасозони найронгбози ғарб  низ ба нақшаҳои худ дигаргунӣ дохил намуданд. Онҳо баҳри соҳибгаштан ба манбаҳои бои ашёи хоми саноатии Шарқ низои дохили динии ислом ва насронияро пеша намуданд ва бо ҳар роҳу васила давлатҳои мусулмонро марказу манбаи ҳаракатҳои терористию иртиҷогарои нишон дода истодаанд.
Биёед аз рӯи адолат қазоват намоем ва ба  оламиён дарак диҳем, ки ин ҳама бозиҳои сиёсии оламиёнро бо даҳшат оваранда, ки ном тероризм аст дар сафҳои худ киҳоро ҷамъ кардааст? Охир аз рӯи нишондодҳои воситаҳои ахбори умум мо бохабарем, ки дар сафи ҷангиёни иртиҷоӣ нафақат мусулмонон, балки намояндагони мамлакатҳои назди Балтика, Аврупоӣ, Африкоӣ, ҳатто русу украин ва Молдовӣ низ вуҷуд дорад.
Аз ин лиҳоз, гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро набояд фаромӯш кард, ки гуфта буд: “Тероризм сарҳад, миллат ва мазҳаб надорад…”
Яъне, ба ингуна ҳаракати манфур шахсоне  дохил мешаванд, ки ақлу заковати худ, фарҳангу нанг ва номуси худро ба ивази маблағи ночизи хоҷагони худ фурӯхтанду исломро чун ниқоб ва сипар истифода карда ба номи он доғ оварда истодаанд, ҳол он ки шоир гуфтааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе
Ҳар айб  ҳаст, ки дар мусулмонии мост!

Агар ба таърихи фаъолияти  ҳаракатҳои терористии ҷаҳон аз рӯи ахбори департаменти давлатии  ИМА назар кунем, мебинем, ки ин ҳаракати манфур ҳамасола аз 320 то 620 амалиётҳои терористӣ анҷом медиҳад, ки боиси марги ҳазор-ҳазор одамони бегуноҳ ва ходимони гуногуни  мақоми сиёсию давлатӣ мегардад. Масалан: 31 октябри 1984 Индири Ганди, 1991 Раҷив Ганди, сарвазирони Ҳиндустон, 1993 прокурори Генуя Франческо Коко ва сарвазири Италия Алдо Моро, инчунин вазири мудофиаи Афғонистон  Аҳмадшоҳи Маъсуд ба ин мисол шуда метавонад.
Бояд зикр намуд, ки аломатҳои ин гуна ҳаракатҳои фосиқ чун тероризму экстремизм дар ҷумҳурии мо низ ба назар мерасанд, ки мақсади онҳо мубориза алайҳи ҳукумати конститутсионии мост. Вале халқи тоҷик, ки таъриху фарҳанги куҳан дошта 99% аҳолии он  пайрави дини мубини ислом ҳастанд, аз воқеаҳои солҳои 1991-1992 дарси ибрат гирифтаанд ва ба амалишавии нақшаҳои мардумфиребонаи исломи радикалӣ фирефта нахоҳанд шуд. Зеро мо хуб медонем, ки дар моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб менамоянд, ё худ барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун намудани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунанд, манъ аст. Бинобар ин ҷавононро зарур аст, ки аз ҳамкорӣ ва ҳамфикрии гурӯҳҳои терористии: “Ҳаракати Узбекистон”, “Ал-қоида”, “Ҳаракати Туркистони Шарқӣ”, “Тоҷикистони озод”, “Созмони таблиғот”, “Гурӯҳи 24” ва дигарон, ки гурӯҳ, созмон ва ташкилотҳои терористӣ эълон шудаанд, худдорӣ намуда, алайҳи онҳо муборизаи беамон баранд, зеро мақсаду мароми онҳо пок нест ва ҳамкорӣ бо онҳо сӯи бадномӣ ва ҷаҳаннам аст.Чӣ хеле ки, шоир гуфтааст:

Ҳаргиз аз роҳи бадӣ мақсуди кори худ маҷӯ
Як бади хоҳӣ ба кас, даҳчанд баргардад ба ту!

Вале ифротчиён бо ҳар роҳу васила байни худ ва мусулмонони воқеӣ тафриқаандозӣ мекунанд, ки мо дар поён онро чунин нишон медиҳем:

Мусулмонони воқеӣ: машғул дар фикри имони хеш аст.
Мусулмонони ифротӣ: машғул дар фикри имони дигарон аст.
Мусулмонони воқеӣ: мекӯшад худ ва дигаронро вориди биҳишт кунад.
Мусулмонони ифротӣ: машғули исботи он аст,ки ғайр аз ӯ дигар ҳама дӯзахиянд.
Мусулмонони воқеӣ: дар пайи бахшиши гуноҳи дигарон аст.
Мусулмонони ифротӣ: дар пайи ҷустуҷӯи хатои дигарон аст, то онҳоро маҳкум созад.

Мазҳаби суннатии мардуми тоҷик-мазҳаби ҳанафӣ аз ҳар гуна ифроту тафриқаандозиҳо ва тундгароию мардумозориҳо дур асту мақсаду мароми он орому осоиши  кулли инсоният аст, ки мо онро аз  чор мисраъ шеъри Саъдии бузург, ки дар пештоқи бинои СММ сабт шудааст пайдо карда метавонем, ки гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор

Ниг: Конвенсияи Шанхай «Дар бораи мубориза бар зиди терроризм, экстремизм ва сепаратизм» аз 15 июни соли 2001.

Кодекси љиноятии ЉТ  аз 21 майи соли 1998. – Душанбе: Конуният, 2004. –  с. 399.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *