Ҷаҳонбинии илмӣ омили пешгирии экстремизму ифротгароӣ ва хатарҳои глобалӣ

М. Қ. Мирбобоев,
номзади илмҳои
фалсафа,  профессор

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалан, ба таҳлили вазъияти ҷаҳони муосир, ки торафт бештар таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангиро ба бор меорад, эътибор дода шудааст, ки ин бе сабаб нест. Зеро, таҷрибаи тамаддуни инсонӣ нишон медиҳад, ки ҳар як давлат барои суботи сиёсӣ, тараққаёту пешрафти бемайлон, дар навбати аввал ва пайваста ба амнияти хориҷиву дохилии кишвар бояд эътибори ҷиддӣ диҳад.
Давлати Тоҷикистон аз он нооромиҳо, фоҷиаҳои сиёсиву иҷтимоии дохилӣ, ки солҳои 90-уми асри 20 дар сарзамини азизамон рух дода буд, сабақи зарурӣ гирифта, барои пешгирии ҳар гуна таҳдиду хатарҳои беруниву дохилӣ паёваста тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Сиёсати давлат ва ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла маҳз ба ҳамин масъалаҳои муҳиму муқаддам нигаронида шудааст. Дар ин бора дар Паём чунин нигошта шудааст: «Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».
Тақдир, бақо, ояндаи нек ва рушду тараққиёти ҳар як давлат дар ниҳоят аз руҳияи солими оптимистӣ, фалсафан хушбинонаи он ва риояи адолати иҷтимоӣ сахт вобаста аст. Дар шароити муосир, аз ҷумлаи омили муҳимтарини пешгирии таҳдиду хатарҳои хориҷиву дохилӣ ҳифзи муҳити солими маънавӣ, тавсияи фалсафаи ҳаёт, фалсафаи хушбинона, ҳикмати некбинонаи ҷомеа маҳсуб меёбад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми ҳарсола, бо иқдомҳои наҷибу созандаи нави давлатию байналмилалӣ дар Ватани маҳбубамон муҳити созандаву бунёдкорӣ, руҳияи баланди ватандўстӣ, ваҳдату ифтихори миллӣ, фалсафаи некбинонаву пирўзгаронаро вусъати тоза бахшида, кулли аҳли ҷомеаро ба корнамоиҳо ва комёбиҳои беназир баҳри шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамоянд.
Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон пайваста сиёсати оқилонаву дурбинонаро пеш мебарад. Азбаски ояндаи ҳар як кишвар ва бақои он аз насли ҷавон, аз тарбияи камолот ва шахсияти онҳо вобаста аст, давлат Консепсияи миллии тарбияро қабул намудааст ва мактабу маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ эътироф кардааст. Консепсияи миллии тарбия маҳз ба таълиму парвариши насли наврас, ҷавонон, тарбияи инсони комил, инсони ҳамаҷониба ба камол расила, дорои фазилатҳои волои маънавӣ, хоса ҷаҳонбинии илмӣ нигаронида шудааст. (2) Аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарине, ки аз Паёми нав бармоеяд ин тавсияи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон аст. Хоса, дар даврони мо, вазъияти ҳассос ва хатарпазири ҷаҳони муосир аз масъалаҳои муҳимтарин ва муқаддам тарбияи ҷавонон, дар онҳо ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ маҳсуб меёбад.
Дар шароити кунунӣ, тараққиёти босуръати илму техника, информатика, технологияҳои нави иттилоот, интернет, ҳар як ҷавон, аввалан ва ҳатман бояд дорои ахлоқи ҳамида, ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури мантиқӣ, ақлу хиради солим, назари воқеъбинона, ҳисси баланди ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ бошад.
Маълум ки дар интернет, олами ахбори гуногун, пурихтилоф, чӣ иттилооти хубу чӣ бад, мафкураҳои иртиҷоӣ, маълумоти экстремистӣ, ифротгароии динӣ, маводҳои фаҳше, ки ахлоқро вайрон месозанд, инъикос меёбанд. Дар арсаи олам зиддият, муборизаи беамони мафкуравӣ, динӣ, баъзе паҳлўҳои манфии ҷаҳонишавӣ торафт шиддат мегирад.
Мо ҳама шоҳиди баъзе падидаҳои нигаронкунанда ҳастем. Даҳҳо ҷавонони каммаърифат, ҷаҳонибнии илмӣ надошта, дар зери таъсири экстремизми динӣ монда, худашон, оила, волидон ва хешу ақраборо гирифтори фоҷиаву ғаму андўҳ кардаанд. Маълум ки он ҷавонони гумроҳу бероҳашуда, дар оила, таълимгоҳҳо тарбия гирифтаанд. Ин падида аз натиҷаи норасоиву камбудии мактаб, тарбия дар оила ва ҷомеа дарак медиҳад. Бино бар ин таълиму тарбияро тибқи тақозои замон бояд ба роҳ монд. Дар мактаб барномаҳои таълиму тарбияро мувофиқи талаботи ҷаҳони муосир такмилу мукаммал бояд кард. Масъулияти падару модар ва ҳар як шаҳрванд нисбат ба тарбияи фарзандон, наврасону ҷавонон бояд баландтар гардад.
Мусаллам аст, ки фаъолияти мактабу таълимгоҳҳо, донишкадаву донишгоҳҳо ба таълиму парвариши инсони комил, мутахассиси варзида, дар онҳо ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ нигаронида шудаанд.
Ҳар як шаҳрванди ҷомеа, хоса мутахассис ҳатман бояд дорои ақли солим, ҷаҳонбинии илмӣ бошад. Ҷаҳонбинии илмӣ барои зиндагии муваффақона ва саодатмандонаи ҳар як шахс, шаҳрванд, ҳамчунин суботу тараққиёт ва бехатарии кулли давлатҳо омил ва шарти заруртарин ба ҳисоб меравад.
Ҷаҳонбинӣ аз рукнҳои муҳимтарини таркиби шуур ва маърифати инсон аст. Вай танҳо як рукни шуур набуда, балки синтез, таркиби унсурҳои бисёри он мебошад. Донишҳои гуногун, ақидаву эътиқод, фикру эҳсос, табъу завқ, саъю кўшиш, умеду ормон ҳама якҷоя дар ҷаҳонбинӣ ифода ёфта, як навъи маърифати умумии олам ва худи одамро ташкил медиҳад.
Ҷаҳонбинӣ ин фаҳмиши умумии олам, инсон ва ҷомеа буда, ҳамчунин мавқеъ ва самтгирии иҷтимоию сиёсӣ, фалсафӣ, динӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ илмию назариявии шахсро муайян менамояд. Се шакли ҷаҳонбинӣ вуҷуд дорад, ки инҳо ҷаҳонбинии асотирӣ, динӣ ва илмию фалсафӣ мебошанд. Ҳамзамон чунин се шаклҳои ҷаҳонбиниро ҷудо кардаанд: ҷаҳонбинии ҳаётӣ, муқаррарӣ, ҷаҳонбинии динӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ. Ҳар се ин ҷаҳонбиниҳо доираи масъалаҳои муайянро фаро мегиранд. Аз ҷумлаи онҳо мавзўъҳо дар бораи он ки чӣ гуна шуур, маънавият бо моддиёт алоқаманд; инсон кист, мақому ҷойгоҳи вай дар олам чӣ гуна аст; инсон воқеиятро чӣ тарз маърифат месозад; некӣ ва бадӣ, зебоӣ ва зиштӣ, ҳақиқат ва ботил, адолат ва ҷабр чӣ маънӣ доранд; ҷамъият аз рўи кадом қонунҳо тараққӣ мекунад ва ғайра.
Ҷаҳонбинӣ ҳамчун инъикоси олам ва муносибати арзёбӣ ва қадршиносӣ нисбат ба ҳастӣ, ҳамзамон нақши танзимкунӣ, эҷоду созандагиро мебозад. Ҷаҳонбинӣ бо мафҳуми мафкура (идеология) алоқаманд аст, вале мафҳуми ҷаҳонбинӣ аз мафкура васеъ аст. Мафкура қисме аз ҷаҳонбинист, ки бо ҳаёти ҷамъият алоқаманд аст. Ҷаҳонбинӣ бошад тамоми воқеияти объективӣ ва ҳастии инсонро фаро мегирад.
Ҷаҳонбинии муқаррарӣ дар заминаи зиндагии ҳаррўза, шароиту муҳити иҷтимоӣ, таҷрибаи ҳаётии одамон, ки аз насл ба нсли дигар интиқол мегардад, ташаккул меёбад. Ин зинаи ҷаҳонбинӣ дар шакли ақли солим, тасаввуроти анъанавӣ, номураттаб ва соддалавҳона арзи вуҷуд дорад. Ҷаҳонбинии динӣ мавҷудияти фавқулқувваро эътироф ва манзараи оламро ба таври хаёлӣ тасаввур намуда, бештар ба донишҳои ирратсионалӣ ва эҳсосиву тамсилӣ такя мекунад.
Ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ дар шакли мафҳуму мақула, қонуну принсипҳо, далелу исботи мантиқӣ ифода ёфта, ба комёбиву кашфиёти илмҳои табиатшиносӣ, ҷамъиятӣ ва техникӣ асос менамояд. Ҷаҳонбинӣ на танҳо маҷмўи донишҳо, маърифати моҳияту ҳақиқати воқеият аст, ҳамчунин вай принсипҳои зиндагиро фаро гирифта, тарзу шеваи фаъолият, рафтори шахсро дар ҷомеа муайян месозад.
Рукни муҳими ҷаҳонбиниро ормон, идеал, ки ифодаи бевоситаи мақсад, ҳадафҳои зиндагист, ташкил менамояд. Тарз, шеваи тасаввуроти олами атроф, боиси пайдо шудани мақсаду ҳадаф гашта, орзуву ормонро ташаккул медиҳад. Ормон ба ҷаҳонбинӣ нерў, қувваи амалӣ, ҳаракатдиҳанда мебахшад. Маърифату маълумот ҳангоме ба ҷаҳонбинӣ мубаддал мегардад, ки агар шахс ба дурустӣ, ҳақиқати донишу андешаҳои худ боварии комил пайдо кунад. Эътимоду эътиқоди ғоявӣ, идеал барои инсон дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ, хоса рафъи мушкилот, ҳалли муаммоҳои мураккаб раҳнамоӣ месозад. Шахси боэътимоду эътиқод, дорои маънавияти комил, ормонҳои воло дар роҳи татбиқи мақсадҳои наҷиб ҳатто ҳастӣ, ҷони худро дареғ намедорад.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ наврасон муқаддимаи кулли илмҳои асосии замонро, чӣ илмҳои табиатшиносиву риёзӣ ва чӣ илмҳои инсоншиносиву ҷамъиятиро меомўзанд. Ҳамаи онҳо барои ташаккули асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ мусоидат менамоянд. Дар мактабҳои олӣ бошад донишҷўён баробари фанҳои тахассусӣ, ҳатман экология, консепсияи табиатшиносӣ ва илмҳои инсоншиносиро меомўзанд, ки барои ташаккули ҷаҳонбинии мукаммали илмӣ нақши муҳим доранд.
Дар ташаккулу такомули ҷаҳонбинии илмӣ нақши илмҳои инсоншиносӣ – забону адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, этика, зебоишиносӣ, динишиносӣ, хоса, фалсафа хеле бузург аст. Мутаассифона, ҷавонон дар мактаб аз ҷумлаи илмҳои инсоншиносӣ ғайр аз забону адабиёт, таърих, ҳуқуқ ва давлат, одоби муошират ва оиладорӣ дигар илмҳои инсоншиносиро намеомўзанд. Маълум ки на ба ҳама ҷавонон баъди хатми мактаб хониш дар маткабҳои олӣ муяссар мегардад. Бино бар ин дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бояд асосҳои фалсафа, илмҳои этика, эстетика ва сиёсатшиносиро таълим бояд дод.
Дар барномаи таълимии мактабҳои миёнаи замони шўравӣ фанни ҷомеашиносӣ ҷой дошт. Воқеан, дар мактабҳои таҳсилоти умумии Федератсияи Россия то имрўз фанни ҷомеашиносӣ таълим дода мешавад. Ҷомеашиносӣ асосҳои илмҳои инсоншиносиро, аз ҷумла, баъзе мавзўъҳои муҳимтарини фалсафаро низ фаро мегирифт. Мусаллам аст ки аз ҷумлаи фанҳои инсоншиносӣ фалсафа асоси илмии ҷаҳонбиниро ташкил медиҳад. Фалсафа сатҳи баланди тафаккури инсонӣ буда, дар шахс тафаккури мантиқӣ, танқидӣ, фарҳанги тафаккурро ташаккул медиҳад.
Кулли мавзўъ ва масъалаҳое, ки фалсафа фаро мегирад хусусияти ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонишиносиро дорад. Чунон чи ҳастишиносӣ (онтология)-и фалсафа фаҳмиши илмии манзараи воқеии оламро ташаккул медиҳад ва қобилияти фарқ кардани ҷавҳарро аз араз, моҳиятро аз зуҳурот пайдо менамояд. Маърифатшиносӣ (гносиология)-и фалсафа қонунҳои маърифат ва ташаккулу такомули илм, ки қувваи бузурги пешбарандаи тамаддуни инсонист, фаро мегирад.
Қисми дигари фалсафа – илми ҷадал (диалектика) ҳамчун ҷавҳари фалсафа принсипи бунёдии ҳастии олам, яъне тараққиёт, рушд ва қонунҳои умумитарини онро дарбар мегирад. Диалектика тасаввуроти илмии манзараи оламро мукаммал месозад. Инсоншиносӣ (антропология)-и фалсафа ҳастии инсонро ҳамчун зинаи олитарину нодиртарини тараққиёти олам, ҳамчун мавҷуди донову тавоно, созанда ва офарандаи оламҳои нав таҳқиқ месозад. Вай дар худшиносиву худогоҳӣ ва худсозии инсон инақши бузург дорад.
Қисми арзишшиносӣ (аксиология)-и фалсафа бошад олами арзишҳоро фаро гирифта, қадршиносӣ, сипосмандиро нисбат ба олам, табиат, ҳаёт, инсон ва арзишу муқаддасоти иҷтимоиву миллӣ талқин менамояд. Аксиология тафаккури қадршиносӣ, арзишфаҳмиро ташаккул медиҳад.
Услубшиносӣ (методология)-и фалсафа бошад роҳу равиши таҳқиқу тадқиқи олами моддиву маънавиро нишон медиҳад. Он дастури тавоно ва умумии таҳқиқоти кулли илмҳо, усули умумӣ ва раҳнамо дар халлу фасли муаммоҳои иҷтимоӣ, ҳаёти воқеӣ ва фаъолияти амалӣ мебошад.
Инҳо ҳама мавзўъ ва масъалаҳоеанд, ки маҳз ҷаҳоншиносиву ҷаҳонбиниро ташаккул медиҳанд. Бино бар ин, хусусан, дар замони мо ҷорӣ кардани таълими асосҳои фалсафа, ки қисми таркибии фанни ҷомеашиносиро ташкил медиҳад, дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ амри зарурӣ аст. Ҷавонон ҳанўз дар мактаб бояд донишҳои хуби гуманитарӣ, инсоншиносиро фаро гирифта, соҳиби ҷаҳонбинии илмӣ гарданд. Мактабиён донишҳоеро, ки аз омўзиши илмҳои гуногун мегиранд, маҳз ба туфайли фалсафа – тафаккури фалсафӣ метавонанд ба низом дароранд ва хулосаву ҷамъбаст намоянд.
Дар коллеҷҳо, донишкадаву донишгоҳҳо сатҳу сифати таълими илмҳои инсоншиносиро бояд баланд бардошт, то ки он ҷавобгўи талаботи замон бошад.
Замони муосир тақозо дорад, ки ҷавонон ҳар чӣ барвақт, ҳанўз айёми мактабхонӣ ба камоли маънавӣ расанд, соҳиби донишу маърифати хуб, тафаккури мантиқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, фазилати хирадмандӣ шаванд. Маърифати комил, хирадмандӣ, ҷаҳонбинии илмӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон дар замони интернету иттилоот дар баҳри бакарони ахбору маълумот тиллоро аз мис, некиро аз бадӣ, зебоиро аз зиштӣ, адолатро аз ҷабр, ҳақро аз дурўғ фарқ карда тавонанд, зери таъсири тарғиботи ботили экстремистӣ, таълимоти иртиҷоӣ, маводҳои фаҳше, ки ахлоқро вайрон месозад, қарор нагиранд.
Дар замони мо, шароити ҷаҳонишавӣ зиддиятҳои мафкуравӣ низ торафт шиддат мегирад, ғайр аз ин давлатҳои абарқудрат фарҳанг ва идеологияи худро ба дигар халқу миллатҳо бор мекунанд. Ин вазъият тақозо дорад, ки ҷавонон маърифати хуб, ҷаҳонбинии илмӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ифтихори миллӣ дошта бошанд, то ки нисбат ба ҳама гуна мушкилоте, ки пеш меояд муқовимат, устуворӣ ва истодагарӣ карда тавонанд.
Таълиму тарбия дар мактабу таълимгоҳҳо, донишкадаву донишгоҳҳо бояд ба таври мақсаднок, муттасил ва пайгирона ба тарбияи инсони комил, мутахассиси варзида, дорои фазилатҳои маънавӣ, хирадмандӣ, ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва хоса ҷаҳонбинии илмӣ нигаронида шуда бошанд. Ин фазилатҳои волои инсонӣ метавонанд омили муҳими пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдидҳо нисбат ба ҳуввияти миллӣ ва гаравишҳо ба ҷониби экстремизм, таълимоти иртиҷоӣ, бадахлоқӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир гарданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *