Гурӯҳҳои ифротгаро ҷавонони бедонишро гумроҳ месозанд

         Оре, ин шакли даҳшатафкани бо роҳу воситаҳои гуногун ба мисли куштор, тарконидан, истифодаи маводҳои заҳролудкунанда вабои аср гардида, мутаассифона дар байни ҷавонони раҳгумзадаи ҷаҳон торафт паҳн гашта истодааст.
Ҷавононе, ки ба ин гурўҳи доғдори нопоки сиёҳ шомил мешаванд, аз рўи гуфтаҳои сиёсатшиносон ба якчанд қисмат ҷудо мешаванд: а) бо роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ; б) бо роҳи ширкатҳои сайёҳӣ; в) бо воситаи сомонаҳои интернетӣ. Ҷавонон воқиф нестанд, ки симои аслии ДИИШ ба исломи асил ва суннатҳои он иртиботе надорад; идеологияи ДИИШ террористию ифротӣ буда, хилофи дини мубини ислом аст. Ин ҳама аз бесаводии ҷавонони имрўза мебошад!
Вақти он аст, ки мо ҳамчун омўзгорон, ки қисми яккачини ҷамъият мебошем, бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза барем. Бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳеҷ кадом аъмоли террористӣ новобаста аз шаклу мавқеъ ва ҳадафҳояш наметавонад қобили қабул бошад. Гурўҳҳои тундгаро аз номи дини мубини ислом баромад карда, онро чун воситаи татбиқи мақсадҳои нопоки худ истифода менамоянд ва дини ислом ва пайравони онро доғдор менамоянд. Лаънат ба чунин инсонҳои  разил!
Дар Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин масъала чунин арзёбӣ гаштааст: «Солҳои охир терроризм ва экстримизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусиятҳои экстримистӣ ва террористи дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд». Пешвои миллат доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – тероризм таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда, қайд намуданд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.
Амалҳои террористие, ки дар Сурия ва Ироқ рўй додаанд, сокинони сайёраро ба андешаву нигаронӣ мувоҷеҳ сохтанд. Воқеаи дигари фоҷеабори дар Фаронса рўх дода ва амали террористие, ки боиси сукути ҳавопаймои Россия гардид ва садҳо одамонро аз ҳаёт маҳрум ва садҳо оилаи бегуноҳро ба ғаму андўҳ гирифтор кард, тамоми мардуми сулҳпарвари дунёро низ ба ҷунбиш овард.
Ҳодисаҳои охири сиёсии кишвар нишон доданд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сарвари он ҳамчун пуштибони молиявии гурўҳи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода баромад намуданд. Муҳиддин Кабирӣ мехост бо роҳи дастгирии молиявии террористон ба ҳокимият соҳиб шавад, аммо ҳадафҳои пинҳонкоронаи  ў барбод рафтанду ў аз Туркия ҳам ронда шуд ва имрўз боз дар Аврупо бо бадном кардани Тоҷикистон аз паи ёфтани «хоҷагони нав»  ҳамчун  гурезаи  сиёсӣ  оворагардӣ  менамояд.
Гурўҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кўдакон ва занони бепаноҳ рўй намегардонанд. Ҳамчунин мехоҳанд, бо ин кирдори носолимашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир нигаҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби пулу мол гарданд. Рафтори разилонаи гурўҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурўҳҳои ифротгариву ситезаҷў, бахусус, дар гурўҳи ба ном «Давлати исломӣ» шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзада бояд дарк намояд, ки гурўҳҳои манфиатҷў, аз касодии неруву зеҳни онҳо истифода мебаранд.
Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри  ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.
Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таким ёбад ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини ислом нагарданд. Зеро хоинони ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои нопоки худро нисбат ба дини ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист, амалӣ созанд. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм  бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аёнгашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди исломанд. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусалмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.
Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидҳои суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро накунем.
Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои мурими ҷомеаи мо дониста мешавад.
Дар замони муосир, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифати нави инкишофу пешрафт қадам гузоштааст, роҳи барпо намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, зарурати тарғибу ташвиқи тарзи солими ҳамзистӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангию миллӣ ва ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон ба миён омадааст.

Холшехова С.А.,
муаллимаи калони
                                                                                  кафедраи забонҳои
                                                                                                           тоҷикӣ ва русӣ
                                                                .

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *