ҒОЯҲОИ МУОСИРИ РУШДИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶАҲОН

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар замони муосир зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифта истодаанданд. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Воқеаҳои замони муосир шаҳодат медиҳад, ки терроризм яке аз зуҳуроти номатлуби воқеияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти тадқиқоти Институти Британии иқтисодиёт ва сулҳ аз соли 2000 то 2014 дар натиҷаи танҳо 61 ҳаз. амалиёти террористӣ зиёда аз 140 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Аз 11 сентябри соли 2001 то соли 2007 дар вақти авҷи ҷанги Ироқ миқдори амалиётҳои террористӣ чор маротиба афзуд.
Аз соли 2008 то соли 2012 нишондиҳандаҳои фаъолияти террористӣ нисбатан паст шудааст. Ба ақидаи таҳлилгарони бритониёгӣ ба давлатҳои Шарқи наздик ва Африқои Шимолӣ ворид шудани гурўҳҳои ҳарбикунонидашуда яъне бо ном «Баҳори араб» ба он сабаб шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои СММ дар натиҷаи инқилоби «Жасминовая револютсия» дар Тунис зиёда аз 219. нафар, дар Миср аз феврали соли 2011 то соли 2011 зиёда аз 1,5ҳаз. нафар қурбон шудаанд. Ғайр аз ин мувофиқи ақидаи таҳлилгарон терроризм дар Тунис хусусияти мунтазам пайдо намуд. Соли 2015 дар ин давлат се амалиёти террористӣ ба хориҷиён равонашуда рўй доданд, ки дар натиҷаи он 71 нафар фавтиданд.
Аз ин маълумотҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки натиҷаи амалиётҳои инқилоб ин зўроварӣ ва терроризм мебошанд. Терроризм бо рангу ҷилоҳҳои нав пас аз сарнагун сохтани реҷаи авторитарии яке аз давлатҳои араб Ливия равшан аён шуд. Қурбониҳои инқилоби ливиягӣ ки, дар натиҷаи мудохилаи қувваҳои беруна амалӣ гардид ва сониян он ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт ва теъдоди фавтитагон охирҳои августи соли 2011 ба 50 ҳазор нафар расида буд. Дар натиҷаи ҷанг давлатдории ин мамлакат аз байн бурда шуду ба ҳамсоядавлатҳои он ҳам зарар расид. Гурўҳи калони гурезагон ба кишварҳои Аврупо ворид шуданд.
Ҳодисаҳои ин давлат гувоҳӣ медиҳанд, ки мудохилаи берунӣ, кўшиши ҷорӣ кардани арзишҳо, урфу одатҳои бегона ба кори давлатдорӣ давлатро ба чӣ ҳолат оварда мерасонад. Куштори роҳбари давлат М. Каддафӣ бо дастгирии мамлакатҳои коалитсияи ғарб, дар таърихи терроризм зуҳуроти нав нест, бартараф кардани роҳбарони сиёсӣ бо баҳонаи хайрхоҳона (дар ҳолати ин давлат зери шиорҳои ҷорӣ кардани арзишҳои демократияи ғарбӣ). Сабаби қатли бераҳмонаи М. Каддафи ин рў ба фирор наоварданаш ба монанди собиқ президенти Тунис З. Бен-Алӣ ва ё ба инқилобчиён таслим нашудани ў ба монанди собиқ презденти Миср Х. Муборак мебошад. Идомаи рушди терроризми инқилобӣ дар Ливия куштори сафири амрикоӣ К. Стивенс моҳи октябри соли 2012 мебошад. Куштори намоишкорнаи М. Каддафи ишорае ба роҳбарони дигар давлатҳои араб буд, ки агар онҳо ҷуръат намуда пеши роҳи онҳро гирифтанӣ шаванд онҳоро ҳам ин сарнавишт интизор аст. Дар ҳамин давра дар бораи мавҷудияти гурўҳи террористӣ ДИИШ ва даъвои он барои азнавтақсимкунии фазои сиёсӣ ба ҷаҳониён маълум шуд.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ оид ба терроризм соли 2014 айни рушди терроризм дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуд. Зеро, ки дар давоми ин сол миқдори амалиётҳои террористӣ ва қурбониёни он нисбати соли 2000 –ум 9 маротиба афзуд, ки ба 32658 нафар расид ҳол он, ки соли 2000-ум 3329 нафар буд. Хусусияти махсуси терроризми ин давру замон ҳам дар он аст, ки географияи он то рафт васеъ мешуд. Соли 2014 дар 95 мамлакатҳои ҷаҳон амалиётҳои террористӣ рух доданд, ки амалиёти фаъоли он дар панҷ давлатҳо ба монанди Ироқ, Нигерия, Афғонистон, Покистон ва Сирия мушоҳида карда мешуд. Ба даҳгонаи мамлакатҳое, ки аз амалиётҳои террористӣ зиёдтар осеб дидаанд Ҳиндустон, Яман, Сомалӣ, Ливия ва Таиланд ҳам ворид шуданд. Мувофиқи маълумотҳои пешниҳодшуда соли 2014 ба маблағи 52,9 млрд доллари амрикоӣ зарар расидааст. Соли 2014 аз дасти гурўҳҳои калони террористӣ ба монанди «Боко ҳарам» 6 ҳаз. 644 нафар, «Давлати исломӣ», ки мақсадашон ташкили халифат дар мамлакатҳои Шарқи наздик мебошад 6 ҳаз. 73 нафар ва 20 ҳаз. нафар дар майдонҳои ҷангӣ ба ҳалокат расидаанд.
Баробари ин лозим ба ёдоварист, ки нисбатан муътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар имрўз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Масалан, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ДИИШ, ки шумораи ҷангҷуён тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад. “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и экстремистӣ дар дохили ҳаракати “Толибон” мустақилияти амал ва робитаи мустаҳкамаш бо “Ал-Қоида”-ро ҳифз мекунад.
Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз рафтани нерӯҳои низомии ИМА аз қаламрави Афғонистон вазъият дар ин кишвар мураккабу ҳалокатбор гашта, боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст, ба даст гирифта, вазъи ин кишварро душвору пурҳассос кардааст ва мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рў ба таназзул мебаранд. Тарафдорони ин гурўҳ айни замон ҳокимияти худро дар ин мамлакат ҷорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Баробари ин асосан дар моҳи октябри соли 2021 дар ин кишвар бештар амалҳои террористӣ содир шудаанд. Аз ҷумла, санаи 3 октябри соли 2021 дар масҷиди Идгоҳи Кобул, 8 октябр дар масҷиди шиаҳои ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз аз ҷониби як маргталаб амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар захмин шуданд. Инчунин ҷангҷӯёни ин кишвар рӯзи 15уми октябр ба масҷиди шиаҳо дар Қандаҳор ҳамла карда, беш аз 130 нафарро захмӣ карданд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад, масъулияти ҳамла ба масҷиди дар боло зикршударо бар уҳда гирифтааст.Инчунин субҳи 20-уми октябри соли 2021 дар пойтахти Афғонистон, дар чорроҳаи серодами Деҳмзанг инфиҷор рух дод ва 22 октябри соли равон бошад хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Кобул таркиш ба амал омада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд.
Тибқи расонаҳои хабарии Афғонистон пас аз рафтани нерӯҳои низомии ИМА 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст ва тақрибан 600 нафар аз таркишҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз осеб дидаанд.
Ин буд маълумоти мухтасаре дар бораи натиҷаҳои зуҳуроти номатлуб ҳамчун терроризм. Аз гуфтаҳои болоӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар мамлакатҳое, ки аз амалиётҳои террористӣ азият мекашанд чунин зуҳурот ба назар мерасанд:
– талафоти ҷонии бевосита аз тиру туфанг ба вуҷудомада;
– зарари иқтисодӣ аз харобаҳои ба инфрасохтори дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбӣ ба давлат расонидашуда;
– суст шудан ва ё тамоман аз даст додани давлатдорӣ ва сохти конститутсионӣ;
– паҳн шудани зўроварӣ ва бесарусомонӣ;
– аз даст додани арзишҳо, фарҳангу маданияти миллӣ;
– зиёд шудани шумораи фарзандони ятиммонда, падару модарони аз фарзанд маҳрумшуда ё фарзандони азпадару модар маҳрумшуда, хоҳарону бародарони якдигарро аз дастдода;
– ба вуҷуд омадани рўҳияи тарсу ҳарос ва гум шудани умед ба ояндаи нек;
– зарари моддӣ ва маънавии ба хешу ақрабои ҳалокшудагон расонидашуда ва дар натиҷа коста шудани ахлоқ;
– аз даст додани рағбати сармоягузорони хориҷӣ ба сармоягузории бизнеси мамлакатҳои ба зарари терроризм мубталошуда;
– гум кардани устувории иқтисодии мамлакатҳо бо сабаби аз пешрафти илму техника баҳравар нашудан ва ё кам баҳравар шудан, ин рўйхатро боз чанд саҳифа давом додан мумкин аст.
Дар интиҳои мақолаи хеш гуфтанием, ки ҳар нафар шаҳрванд ҳамчун фарзандони асили Ватан бояд кўшиш ба харҷ диҳад, ки зиракии сиёсиашро аз даст надиҳад. Хусусан ҷавонон кўшиш ба харҷ диҳанд, ки аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд, аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсант хонанд.

ТОШМАТОВА М.А.,
ассистенти кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *