Татбиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат дар донишкада

 Тавассути Телевизиони вилояти Суғд нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироку олимону донишмандон шарҳу тавзеҳ дода шуд. Дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ Аюбҷон Юсуфов перомуни татбиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат дар донишкада сухан ронда, оид ба рушди саноат, иқтисодиёти рақамӣ ва зарурияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошт.
Ҳамчунин мавсуф оид ба хурофот, ки боиси ақибмонии давлат мегардад, андешаронӣ карда, бо овардани нуктае аз Паём зикр намуд, ки дар ҷаҳон илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *