ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба баромадҳои вакилони халқи ВМКБ доир ба ҳодисаҳои дар шаҳри Хоруғ рухдода

Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз вокуниши Ёдгор Файзов, собиқ раиси ВМКБ ва баромадҳои вакилони халқи ВМКБ-ро оид ба ҳодисаҳои дар шаҳри Хорӯғ рухдодаро тариқи шабакаҳои ичтимоӣ тамошо намуда, ба худ хулоса бароварда, андешаҳои хешро иброз медорем. Воқеан аз вокунишу баромадҳо бармеояд, ки саркардагони гурӯҳҳои муташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан, мардумро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват карда, онҳоро бо нӯшокии спиртӣ ва воситаҳои нашъадор таъмин карданд, то ки ҷамъомадагон дар ҳолати мадҳушӣ ва таҳти идораи худ қарор диҳанд. Дар натиҷа аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудаанд, ки дар ҳақиқат дар ҳолати масти аласт қарор доштанд. Инчунин ҷинояткори дигари хавфнок Аловатшоев Амриддин, ки бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ дар ҷустуҷӯ буда, дар ҳудуди Россия қарор дорад, дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва гирдиҳамоӣ ташкил намуда, бо таҳрифи ҳодисаҳо мехост ҳамдастони ҷинояткорашро бегуноҳу мавриди таъқиб нишон диҳад. Баробари ин хоинону бадхоҳони миллат- ТТЭ ҲНИ ва “Гурӯҳи-24” дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват намуда буданд.
Бояд ёдовар шуд, ки вазъи санаи 25-уми ноябри соли 2021, ки дар шаҳри Хоруғ ба миён омад, натиҷаи амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои тундрав аст, ки инро аҳли зиё ва гурӯҳҳои фаъоли ҷомеа амсоли академик Илолов Мамадшо, профессор Парвона Ҷамшедов ва дигар нафарони баруманди кишвар мақсадҳои нопоки ин гурӯҳҳои тундрав ва ҷиноятпешаро қотеъона маҳкум намуда, аз мардуми дар гирдиҳамоӣ ҷамъомада, ки фирефтаи дурӯғу васвасаҳои ин афроди ҷиноятпеша гаштаанд, хоҳиш намуданд., ки дар шароити кунунии авзои номусоиди ҷаҳон, вазъи имрӯзаи Афғонистон даст ба амалҳои номатлуб назананд, дар атрофи Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ҷамъ омада, барои ободию пешрафти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд. Воқеан ин амали саривақтӣ буд. Зеро ягон инсони солимақл, равшанфикр ва ҷаҳонбинии васеъ дошта ҳаргиз ба макру ҳияли ин гуна афроди ботиландеш намегардад. Баробари ин қайд менамоем, ки бо кордонии кормандони КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми боору номуси ВМКБ пеши роҳи ҷинояткор ва афроди роҳгумзада гирифта шуд. Хушбахтона фазои сулҳу субот дар Бадахшон ва умуман дар мамлакат зери сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абади боқӣ мемонад. Дар кишвар ҳама бояд ғуломи қонун бошанд ва махсусан раҳбарони вилояту ноҳияҳо барои беҳбудии аҳолӣ ва оромии он кӯшиш намоянд.
Мо омӯзгорони кафедра аъзои ҷудонашавандаи ҷамъият мебошем ва бояд масъуляти худро дар назди ҷамъият ҳис карда, дониши худро дар амалисозии сиёсати давлат, барои тарбияи ҷавонон бо ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии онҳо сарф намоем. Ва бо боварӣ изҳор менамоем, ки халқи сулҳпарвари ВМКБ шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта, осмони соф намуда, минбаъд низ баҳри сулҳу суботи кишари соҳибистиқлоламон талош меварзанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *