Дар ин лаҳзаҳои ҳассос гурӯҳ ва баъзе афроди алоҳида чун М. Кабирӣ аз нашри иттилои бардурӯғ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд мардумро тарсонанд, ё ба ин восита манфиатҳои ғаразноки хешро ба даст оваранд.
Ба М. Кабирӣ таъкидан иброз медорем, ки имрӯз дигар ба ҳар гуна баёния ва тӯҳмату бӯҳтонҳо халқро ба доми фиреб кашида намешавад. Хулоса ба М. Кабирӣ касе бовар намекунад.
Воқеан, имрӯз вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ муътадил буда, ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустӣ дар карантин қарор доранд, мусбӣ мебошад. Тамоми тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ин беморӣ андешида шуда истодааст ва он зери назорати доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои шахру нохияҳои кишварамон ба қабул, ташхис ва табобати беморон омода ҳастанд ва ҳамаи шароит барои он муҳайё гардидааст. Бо назардошти тавсияи табибон пеш аз ҳама бо риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Бо гуфти духтурон ин беморӣ аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд.
Муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтем, воҳима накунем. Дар шароите, ки соҳаи тиб ба дастовардҳои беназир дар роҳи беҳдоштӣ мерасад, тандурустӣ ҳамчун як самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ эълон гардида, солимии миллатро ҳамчун боигарии давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ қарор додаанд. Таърих гувоҳ аст, ки вазниниҳои аз ин гаронро мардуми шарифи тоҷик бо сари баланд паси сар кардааст.
Бо назардошти масъалаи матраҳгардида имрӯз барои мо вақти он фаро расидааст, ки масъулиятро дар назди миллату Ватан ҷиддан ҳис намуда, андешаю суханҳои баланди инсонпарваронаи худро дар амал татбиқ намоем. Мо танҳо дар якҷоягӣ, бо Ваҳдати комил аз ин бемории сироятии короновирус-вабои аср низ халос гардида, умеди комил дорем, ки ба зиндагии муқаррарии хеш бармегардем. Моро рӯзҳои хуш дар пеш интизор аст.
Ҷӯраев Ҷамолиддин,
мудири маркази ба қайдгирӣ
ва машварати ДИС ДДТТ