Ба овозаҳои бардуруғ бовар накунед ва ҳар гуна дорувориҳоро харидорӣ накунед!

 

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маводи дорувории гидрохлорохин, ки яке аз дорувориҳои тибқи протоколи клиникавии антивирусӣ барои муолиҷаи COVID-19 пешбинӣ гардиддаст ба миқдори муайян дастрас карда шуда ба тамоми  муассисаҳои тиббии вилоят, ки бо муолиҷаи беморони короновирус ва илтиҳоби ғайриоддии шуш машғул ҳастанд, дастрас карда шуд.

Ҳамчунин бо дастгириии Раиси вилоят барои баланд бардоштани масунияти кормандони тиб маводи дорувории тиомицин, ки истеҳсоли ватанӣ мебошад ба ҳама кормандони муасисаҳои тиббӣ вилоят дастрас карда шуд.

Ҳеҷ гуна зарурат вуҷуд надорад, ки мо пешакӣ доруҳои зиддивирусӣ ва антибиотикҳоро харида, захира намоем. Ин кори нодуруст аст. Дар ҳар як хона бояд маҷмӯи доруҳои кумаки аввал нигоҳ дошта шавад. Бояд зикр кард, ки бо пайдо шудани бемории коронавирус дар Тоҷикистон, шаҳрвандони зиёд на танҳо антисептикҳо ва ниқобҳо, балки доруҳои зиддивирусӣ ва антибиотикҳои пуртаъсирро низ аз дорухонаҳо мехаранд. Баъзе кормандони бевиҷдони дорухонаҳо аз ин ҳолат истифода бурда, нархи чунин доруҳоро бамаротиб баланд бардоштаанд. Илова бар ин, одамон бо чунин амали хеш ба шахсони воқеан ниёзманд норасоии доруҳои номбурдаро эҷод мекунанд.

Гузашта аз ин, ба ҳеҷ ваҷҳ бе ташхиси табиб ва дорухати ӯ аз чунин давоҳо набояд истифода намуд. Ин на танҳо фоида намерасонад, балки ба ҷисми солим зиён низ меоварад,-мегӯянд мутахассисони соҳаи тандурустӣ.

Имрӯз одамон дар мадди аввал бояд бо роҳи табиӣ масунияти худро сироятнопазир намоянд. Яъне, ҳамарӯза истеъмоли ғизои солим, инчунин меваҷот ва сабзавот муҳим аст. Ҳамзамон меъёри ҳаррӯза нӯшидани оби соф низ набояд фаромӯш гардад.

Коронавирус бемории хосе ҳаст, ки онро бояд табибони соҳибтаҷриба табобат кунанд. Айни замон риоя кардани қоидаҳои оддӣ- нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, гигиенаи шахсӣ ва мувофиқи имкон нарафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ хеле муҳим аст.

Дар сурати пайдо шудани аломатҳои беморӣ, аз ҷумла, вараҷа, сулфа фавран ба табибони марказҳои саломатии ҷойи зист бояд муроҷиат намуд.

Бо дасту дили гарму пок ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар ҳамбастагиву якдилӣ барои шукуфонии Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю кӯшиш намоем. Бетараф набошем, фарзандони худро эмин нигоҳ дорем, руҳафтода нагардида, ба ҳар гуна хабарҳои беасос бовар накунем. Вазифаи шаҳрвандии худро ба ҷо оварда, аз вазъи саломатии худ ва хешу ақрабо ҳамавақт огоҳ бошем, зеро ҳаёти ҳар як фард дар назди давлату ҳукумат қадру қимат дорад.

Мирпочоев Д,

 Азимов А,

Шарипов А,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *