Барои давлати мо ҳаёти ҳар шаҳрванди кишварамон азиз ва муқаддас аст!

Дар Тоҷикистони маҳбубамон таҳти раҳнамоию ҳидоятҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри раҳоӣ аз ин вабои аср тадбирҳои фаврию муассир ва иқдому ибтикори шоиста амалӣ гардида истодаанд, ки мақсади асосӣ аз андешидани онҳо ҳифзи саломатии мардум ба шумор меравад. Аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудани 12,4 миллион сомонӣ ҳамчун иловапулӣ ба маоши табибон ва кормандони соҳа, ки бевосита ба муолиҷа ва табобати гирифторони бемории мазкур машғул мебошанд, ғамхории бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба саломатии аҳли ҷомеа ва қадршиносии заҳмати ворисони Синои бузург аст. Пешвои маҳбуби миллат ҳамзамон маоши вазифавии якмоҳаи худро барои мубориза бо пандемияи COVID-19 бахшида, бори дигар собит намуданд, ки ҳамчун роҳбари ҷонфидои халқу Ватан дардошно ва дилсӯзи мардуми Тоҷикистон ҳастанд. Ин ташаббуси беназир ва инсондӯстонаи Пешвои нусратёри миллат аз ҷониби роҳбарияти мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони саховатманд ва дигар қишрҳои аҳолӣ ҳамавозии комил пайдо карда, аз ҳамбастгии қавӣ ва ваҳдати мардуми кишварамон шаҳодат медиҳад.

Таҷриба собит сохт, ки кишварҳое, ки баъзе маҳдудиятҳо ҳуқуқӣ, мувозонати тарси иҷтимоӣ ва усулу рамузҳои хосаро қатъӣ риоя карданд, тарс ва эҳтиёткориро дар доираи хирад ва меъёрҳои махдкдудкунандаи ҳуқуқ ба мувозанат кашиданд, маърифати баланди низому тартиботро муаррифӣ карданд, онҳо ин душманро ғолиб омаданд. Мисол, кишвари Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония. Аммо кишварҳое, ки озодиҳои саркашро дар чунин ҳолат афзал донистанд ба маротиб қурбониҳои зиёдро диданд, ба мисли Италия, Испания, Британия, Амрико ва инак ногузир ба маҳдудкунии озодиҳо таҳти унвони тартибот даст задаистодаанд.

Мутаассифона, ин вирус, ки ба сарзамини мо омад, моро зарур аст, ки қабл аз ҳама бо ахлоқ, эътиқод, боварӣ, хирад ва маърифатамон дар муқобили он истодагарӣ намоем. Дар баробари ин, механизмҳои ҳуқуқии таъсиррасонии профилактикиро дар сатҳи санадҳои зерқонунӣ омода намоем. Зарур аст, ки дар меъёрҳои он тавозуни истифодаи таъсиррасонии ҳуқуқӣ ва маҳдудиятҳо дар васати эътидоли манфиатҳои умум ва фардӣ, бо назардошти манфиатҳои давлатию миллӣ дуруст тасниф ва танзим гарданд.

Ҳар шаҳрванди кишвар, қабл аз ҳама бояд бовар дошта бошад, ки Давлат ва Ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ бар зарари халқи худ кор намекунад, баръакс вазифаи онҳо ғамхорӣ ва беҳдошти вазъи зиндагии мардум аст. Дар давлатҳое, ки чунин фаҳмиш, ягонагӣ ва муттаҳидӣ атрофи сиёсати давлат дар муқобили таҳдидҳо дида шуд, онҳо аз ин вазниниҳо бо сарбаландӣ гузаштанд.

Мо аминем, ки миллати сарбаланди мо бо фарҳангу тамаддуни волои оламгираш бори дигар аз имтиҳони вазнини таърихӣ бо сарбаландӣ, ва низому тартиби хоса, сабру таҳаммули хирадмандона убур хоҳад кард.

Мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аз вазнинтарро ҳам паси сар кардем. Албатта, умед дорем, ки бо мадади Худованди бузург, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон ва ҳамфикрию ваҳдати мардуми кишвар аз ин вабои аср низ бо сарбаландӣ гузар хоҳем намуд. Танҳо ҳамаҷониба кӯшиш кунем, ки амалҳои мо ҳамагӣ ба кам кардани қурбонихои ин вирус равона шаванд. Пешвои муаззами миллат низ ҳамеша таъкид мекунанд, ки барои давлати мо ҳаёти ҳар шаҳрванди кишварамон азиз ва муқаддас аст.

М. Мирбобоев,

Р. Раҷабов,

М. Шогунбеков, устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *