Овозаҳои бардурӯғу муғризона ба хотири тира кардани фазои афкори ҷомеа ба роҳ монда мешаванд!

 

Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатии мардум эътибори аввалиндаҷа медиҳад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ ба ифтихори сисолагии истиқлолияти давлатӣ тайи солҳои 2018-2019 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 253 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва 466 муассиса таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин, то ҷашни бузурги миллиамон бунёди боз 163 муассисаи тандурустӣ ва таъмиру азнавсозии 125 муассиса ба анҷом расонида мешавад. Ҳамаи ин муассисаҳои тиббӣ пеш аз ҳама ба хотири пешгирӣ кардани ҳама гуна бемориҳо, дар навбати аввал, бемориҳои сироятӣ ва ҳимояи ҳарчи беҳтари тандурустии аҳолии кишвар самаранок истифода хоҳанд шуд.

Аз расонаҳои иттилоотӣ маълум мегардад, ки ҳоло бемории коронавирус дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст. Тавре Пешвои миллат дар ҷаласаи фаврӣ оид ба пешгирии ин вабои аср таъкид намуданд, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд.

Ахиран Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост намудааст, ки танҳо ба омори вазорат дар мавриди сироятёфтагон, шифоёфтагон ва қурбониёни коронавирус дар кишвар, ки ҳамарӯза нашр мешавад, такя кунед. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз хабару гузоришҳои аксар сомонаҳои иттилоотӣ дар мавриди пахши хабару гузоришҳои бардурӯғ дар бораи коронавирус шадидан изҳори нигаронӣ намудаааст.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, аксар саркардагони гурӯҳҳои ифротӣ, ки берун аз ватан қарор доранд ба ҷои ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи башарӣ дар ростои муқовимати амаливу равонӣ алайҳи ин беморӣ  ва паёмадҳои он, куллан бо амалҳои баръакс, яъне ташаннуҷофарии иҷтимоӣ ва интишори овозаҳои бардурӯғу муғризона ба хотири тира кардани фазои афкори ҷомеа дар кишвар талош доранд.

“Онҳо аз тариқи сомонаҳои иттилоотии хеш ба таври мунтазам бо баҳонаи ҳушдори мардум аз хатарҳои коронавирус нисбат ба Ҳукумати кишвар туҳматпароканӣ мекунанд”, – омадааст дар хабар. Зимнан, вазорат аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки ин гурӯҳҳо бо мақсади нокифоя нишон додани иқдомоти Ҳукумат дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони ин беморӣ, омори расмии кишвар ва вазъи карантиншудагонро ғайри қобили қабул нишон медиҳанд.

Ба ҳамин минвол Вазорати тандурустӣ ба аҳолии мамлакат муроҷиат намудааст, ки ба он хабару гузоришҳое, ки имрӯзҳо аз ҷониби баъзе  сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба фавти  шаҳрвандони мамлакат аз  бемори коронавирус ба нашр мерасанд, бовар накунанд. Вазорат тандурустӣ мегӯяд, маркази матбуоти вазорат ҳамарӯза омори сироятёфтагон ва фавтидагони ин бемориро дар  кишвар ба нашр мерасонад ва мардум бояд танҳо ба омори ин ниҳод такя кунад.

А. Қаюмов,

Ҳ. Баҳодуров,

Н. Ҷалолов,

Н. Ёқубова, устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *