Дар уфуқ равшанист, мебинед?!

Қитъаҳо

Вабо андар диёри мо напояд,

Ки бар гулзори мо хоре нашояд.

Хирад, ки халқи моро чун силоҳ аст,

Гиреҳи сахти мушкилҳо кушояд.

***

Пизишкон, дастатон дарде набинад,

Фазои умратон гарде набинад.

Сипар ҳастед дар роҳи балоҳо,

Ки то оризае фарде набинад.

***

Зӯри мо сад макри шайтон бишканад,

Разми мо сад азми дунон бишканад.

Тоҷвирус! Тоҷдорӣ дигар аст!

Тоҷи ту дар Тоҷикистон бишканад!

***

Агар ваҳме ба дил дорӣ, бурун кун,

Агар хасме ба раҳ дорӣ, забун кун.

Сари боло чу дорӣ, эй бародар,

Ваборо аз диёрат сарнагун кун!

***

Куруно аз муҳаббат меҳаросад,

Зи ёриву рафоқат меҳаросад.

Иродатро, шафоатро, хуширо

Надорад ҳеҷ тоқат, меҳаросад!

***

Куруно зарра асту мо чу кӯҳем,

Куруно шом бошад, мо сабӯҳем.

Балое ҳеҷ гаҳ боло зи мо нест,

Ки мо дар асл халқи пурфутӯҳем.

***

Ин вабо аз марзи мо донед, ёрон, бигзарад,

Дилқавӣ бошем гар, бисёр осон бигзарад.

Медиҳад моро мадад имрӯз андарзи куҳан:

«Ҳар чӣ ояд бар сари фарзанди инсон, бигзарад».

 

Таскин

Ҳомии мо Худост, эй ёрон!

Ғусса хӯрдан хатост, эй ёрон!

Ҳеҷ кас бе аҷал намемирад,

Гарчи сели вабост, эй ёрон!

 

Пеши як зарра зор будан чист?!

Ин амал норавост, эй ёрон!

Хайрхоҳӣ ба ҳам бинмудан

Рафъи дарду балост, эй ёрон!

 

Рӯҳи мо, тоҷикон, кӯҳсон аст,

Кӯҳ доим баҷост, эй ёрон!

Ваҳм аз дил бурун бояд кард,

Зиндагӣ бобақост, эй ёрон!

 

– Ҳар кӣ тарсу бувад, музтар аст, –

Гӯямо рӯйрост, эй ёрон!

Камтар аз мӯ бувад коруно,

Фазли мо мӯмиёст, эй ёрон!

 

Баҳри аҳли башар дар ҳаёт

Имтиҳон борҳост, эй ёрон!

Дар уфуқ равшанист, мебинед?!

Ноумедӣ чарост, эй ёрон?!

 

Оҳуроӣ дили поки мо

Аҳриманро ҷазост, эй ёрон!

Коруно маҳв гардад яқин,

Давру даврони мост, эй ёрон!

Абдурауф Муродӣ,

адиб

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *