Изҳороти кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ оид ба иғвоангезии ҳангомаҷӯёни шабакаҳои интернетӣ

Мо, устодони кафедраи љомеашиносии ДИС ДДТТ ба бадхоҳон ва иғвоангезону ҳангомаҷӯёни сомонаҳои интернетӣ, ки дар ин ин лаҳзаҳои басо душвор барои барои кулли башарият, суд ҷуставу деги худро меҷӯшонанд, муроҷиат намуда, ҳар гуна ҳангомаву иғвоҳои ин гуруҳҳоро қатъан маҳкум мекунем.

Мо, имрӯз дар партави сиёсатҳои хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дастгир ва ғамхори табибон ва қишри осебпазири ҷомеа ҳастанд,  ифтихор менамоем. Он чӣ дар ин ҳангомаҳои беасос, ки аз номи ашхоси номаълум ба хотири манфиатҳои шахсӣ муғризона нашру пахш мешаванд ва моро нигарон мекунад, он аст ки ин ҳама ба рӯҳияи беморон ва шаҳрвандон бештар таъсиргузор аст.

Бо ифтихор ва сарбаландӣ метавонем бигӯем, ки вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, шароити хуби корӣ барои табибон фароҳам оварда шудааст.

Мо, ба бадхоҳон ва иғвогарону судҷӯён, ки дар шабакаҳои интернетӣ хабарҳои дуруғро нашр мекунанд, гуфтанием, ки беҳтар аст аз ин гуна иғвоҳо ва бад кардани номи табибон даст кашида, дар пайи кори манфиатоваре барои худу оила ва ҷомеа машғул шаванд. Дар акси ҳол Худо накунад, ба ин бемории ҳамагир сироят ёбед, танҳо табибонанд, ки шуморо табобат мекунанд, на хоҷагону манфиатхоҳонатон!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *