Онҳо мақсад доранд, ки мазҳаби халқро тағйир диҳанд!

Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернетӣ мехонему тамошо мекунем, ки М. Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, ҳамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллатамонро дигар кишварҳо омӯхта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода қарор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Аз ВАО бармеояд, ки М. Кабирӣ аслан оиди муҳоҷирони тоҷик суханронӣ намуда, мехоҳад, ки мавқеи худ ва собиқ хизбашро дар байни онҳо пурзӯр намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар ҳеҷ куҷо хор намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил ҳунар кам аст».

Имрӯз мардум дарк намудааст, ки пешвоёни ҲНИ мазҳаби шиаро қабул намудаанд, пас чӣ тавр мардум ҲНИ-ро ҷонибдорӣ намояд? Чӣ тавр мардум дар интихобот ба ҲНИ овоз диҳад? Бо кадом мақсад аҳолии суннимазҳаби ҷумҳурӣ аз паси пешвоёни мазҳабгумкардаи ҲНИ равад? Онҳо мақсад доранд, ки мазҳаби халқро тағйир диҳанд. Вале ҳанӯз ҷанобон – пешвоёни ҲНИ бехабаранд, ки рози ниҳони онҳо фош гардид. Эҳсос ва дарки мардум табиӣ ва худодод аст, сирре вуҷуд надорад, ки аз мардум пинҳон монад. Бинобар он асрори пешвоёну фаъолони ҲНИ, яъне мазҳаби шиаро қабул намудани онҳо ошкор шуд. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз «дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро». Ҷаноби Кабирӣ, Хусайнӣ, Мухаммадалии Ҳайит, Сайфуллозода боз шарм надошта бо кадом руй доду фиғон ва нола мекунед, ки дар интихобот пирӯзи насиби Шумо нагардид. Воқеиятро фаҳмидан намехоҳед. Оё боварӣ доред, ки мардум ба хотири Шумо шуда мазҳабашро иваз мекунад. Ё мисли Шумо мазҳабашро мефурӯшад. Шумо ҳиёнат ба халқу мазҳаби он кардед ва боз мехоҳед, ки мардумро ба доми фиреби худ ва зархаридони аҷнабии шиамазҳабатон андозед. На, хато мекунед, таърих гувоҳ аст, ки халқ дар ягон давру замон мазҳабашро ба хотири аҷнабиён, мансабхоҳон ва бегонапарастон тағйир надодааст.

Аз ин лиҳоз гуфта мешавад, ки бояд мо аҳли солимфикри ҷомеа  тамоми қувваву имкониятҳоро баҳри илмомӯзии насли наврас ва ҷавонон равона карда, шомилшавии онҳоро аз чунин ҳизбу равияҳои номатлуб ба мисли ҲНИ пешгирӣ намоем.

                            Бурҳонов О,

Раҷабов Р,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *