ЭМОМАЛӢ РАҲМОН -КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ, АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА СИЁСАТМАДОРИ ЖАҲОНИСТ

Ба даст овардани Истиқлолият чун волотарин ва пурарзиштарин неъмат баҳогузорӣ карда шуд ва ба миллати куҳанбунёди тоҷик имкони эҳёи таърих, дину фарҳангашро фароҳам овард, аммо ин руйдоди таърихӣ пайомади дигари вазнинро ба миён овард.

Миллати тоҷик бо хеш ва бо дигар қавму миллатҳо бадбиниву душманӣ пеша гирифт ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Душманони хориҷӣ ва дохилӣ тафриқаву низоъ, хиёнату беномусӣ ва дигар фазилатҳои пастро дар байни миллати тоҷик ворид намуданд. Дар беш аз 5 соли ҷанги бародаркушӣ, тибқи маълумоти оморӣ беш аз 150000 ҷавонону мардон, ки байнашон фарзандони фарзона низ буданд, ҷон бохтанд. Ҳазорҳо хонаҳо вайрон ва кӯдакону модарон бесаробону сарсон монданд ва мардуми зиёд гумном гашт. Хатари нестшавии давлату миллат хеле наздик расида буд.

Маҳз дар ҳамин давра мамлакат дар халқаи сиёҳ печидаву ҷомеаро ноумедиву руҳафтодагӣ фаро гирифта буд ва ҳеҷ кас намедонист, ки фардо чӣ мешавад, ба саҳнаи сиёсат Эмомалӣ Рахмон ворид шуда, чунин савганд баён намуда буд, ки «Ман масъулияти бузурги худро дар назди Ватан ва манфиатҳои давлату миллат ва имрӯзу фардои он, ҳифзи истиқлолу якпорчагии кишвар, амният ва садоқати халқи азизамро бо тамоми ҳастӣ дарк менамоям ва барои ба ҷо овардани боварии кулли шаҳрвандони Тоҷикистон нерӯ ва тавоноӣ, донишу таҷриба ва гузашта аз ин, ҳастии худро дареғ намедорам». Таърих собит намуд, ки сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон, бо шарофати сиёсати дурбинона ва устувори хеш тавонист сохти давлатӣ, якпорчагии мамлакатро ҳифз  намояд ва сулҳу ваҳдатро асоси қавӣ гузорад.

Таъкид намудан ҷоиз аст, ки баъзе аз кишварҳои дуру наздик намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ бошад ва бо ҳар роҳ ба раванди сулҳ халал мерасонданд. Тавре ки маълум аст, аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Зиёда аз 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда, садҳо биноҳою иншоот, заводу фабрикаҳо, муассисаҳои тиб, маориф ва идораҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои зиёде харобу валангор гардиданд.   Бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи хеле сахт ва мудҳиш таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якпорча шуд, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, аз роҳи ба тариқи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст кашида, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ба хотири таъмини сулҳи сартосарӣ самимона дастгирӣ намуд.

Бо кӯшишу ҷаҳду ҷадалҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи давра ба давраи сулҳи сартосарӣ, таъмини фазои боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои бадбинӣ ва даргириҳои мусаллаҳ, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ намудани баъзе қумондонони саркаш ва дар амал татбиқ намудани созишномаҳои имзошуда, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, Комиссиони Оштии Миллӣ дар шаҳри Душанбе таъсис гардид. Қобили зикр аст, ки Комиссиони Оштии Миллӣ дар раванди таъмини сулҳ ва иҷрои вазифаҳои хеш фаъолияти хеле хуб нишон дод ва ба Ватан содиқона хизмат кард. Имзо ва татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеаи мо раванди ваҳдати миллӣ, худогоҳӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ба мисли парчам ва нишонҳои миллӣ, демократикунонӣ, таҳаммулпазирӣ ва гуногунандеширо тақвият бахшид ва сулҳи тоҷиконро пойдор кард. Дар натиҷа аз баракати сулҳу салоҳ дар кишварамон ҳизбу созмонҳои мухталиф арзи вуҷуд намуда раванди демакратикунонии ҷомеа шурӯъ гардид.

Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Ӯ аз чандин музакираҳои бебарор хаста нашуда, богузашти зиёд ва олиҳимматӣ ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон, яъне 27-уми июни соли 1997 шарафёб гардид. Миллати парокандашуда аз нав муттаҳид гашта, дар симои Пешвои хеш Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷахонӣ аз нав худро муаррифӣ намуд. Сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҷаҳониён намунаи беҳтарин муаррифӣ гардид ва ба қавли собиқ сардабири СММ Кофи Аннан «Тоҷикистон дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ барои бисёр кишвархо намунаи ибрат гардид. Гумон мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар мусолимат мебошад». «Сулҳи тоҷикон барои тамоми мардумони дигар намунаи хубест» – мегӯяд – Президенти Федератсия Русия Владимир Путин. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер соҳиб гардидааст.

Дар роҳи нави таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари давлатии шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд, балки чун Пешвои ҳақиқии миллат, амсоли Франклин Рузвелт, генерал де-Голл, Мустафо Камол – сиёсатмадори варзидаи асри ХХ  эътироф гаштааст.  Ин шахсияти барчастаи таърихии  миллат мебошад, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони сохибистиклол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу  ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштааст. Барои хислатҳои неки инсонӣ, ҷасорату мардонагӣ, дурандешӣ, ғамхорӣ нисбати халқ ва ояндаи миллат, саҳми беҳамто дар инкишоф ва беҳбудии зиндагии мардум гузоштан, хислати бузурги таҳаммулпазирӣ доштану ҷонфидои халку Ватан будан, Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Унвони баланди Пешвои миллат сазовор дониста шуд.

Миллати тоҷик имрӯзҳо аз вакилони худаш сипосгузорӣ менамояд, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳои бешумори онҳо ба инобат гирифта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро қабул намуданд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба Сарвари давлат, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.

Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи амнияти рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи принсипҳои нигаҳдории сулҳу вахдати миллӣ, якпорчагии Ватан, пешгирии ҷангу ҳифз намудан аз фалокатҳо, тарғиби ғояи худшиносии миллӣ, посдории  таърихи  бостонии халқи тоҷик, иқдоми ташаббусҳои  созанда  ва некашон, бо ҷомеаи  ҷаҳонӣ муаррифӣ гашта, муносибатҳои  судманд барқарор  намуда истодааст.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тарғибгари олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шавқат ва  сифатҳои волои ваҳдатофарӣ ва хештаншиносӣ байни миллат мебошад. Таърихи навини Тоҷикистони навини замони баъди ҷанги шахрвандӣ, таърихи ҳақиқии давлати эҳёгаштаи мустақил мебошад, ки ваҳдати миллӣ асоси он барои сулҳу оромии минбаъда ва ояндаи дурахшони миллат  мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, кафили рушду босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷик, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дӯст дорем ва ҳифз намоем.

 

муаллимаи калон Файзиева Д.М. 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *