МО АҲЛИ ЗИЁ ҲНИ-РО ҚОТЕЪОНА МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

 

 Пеш аз оне, ки вобаста ба фаъолияти собиқ ҲНИ, ки имрӯзҳо вирди забони ҳар як фарди солимфикр чарҳ мезанад, мехоҳам фикрамро дар бораи азҳоби сиёсӣ баён дошта бошам.

Дар моддаи 2-и боби 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» омадааст: Дар зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки вазифаи ӯ дар ворид шудан ба ҳаёти сиёсии ҷамъият тариқи таъсис додани гурӯҳи шаҳрвандони сиёсӣ, инчунин ба вуҷуд овардани ҳокимият бо воситаи намояндагони худ, фаҳмида мешавад.

Ва ё ба тарзи дигар ҳизби сиёсӣ ин иттифоқи ихтиёриест, ки бо аломатҳои идеологӣ асос ёфта, мақсади ба даст овардани ҳокимиятро дорад.

Ҳокимият ин воситаи амалигардонии барномаҳои сиёсӣ мебошад, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳи ҷамъиятӣ хизмат менамояд.

Ҳизб- аз калимаи лотинӣ ё франсавӣ-patu гирифта шуда маънояш қисм ё гурӯҳ мебошад.

Мақсаду вазифаҳои ҳар як ҳизби сиёсӣ дар ойиннома ва барномаҳои худ, барои маълумоти умумӣ гуфта шудааст.

Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ ҲНИ бо роҳбарии М. Кабирӣ ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чӣ мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд!. Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузорӣ қарор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард.

Дар ин росто қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи солҳои 1991 то 1997 дар Вазорати Адлияи ҶТ ва ҷузъу томҳои минтақавии он 8 ҳизби сиёсӣ (ХКТ, ХНИТ, ХДТ, Ҳизби сиёсӣ ва барқароркунии иқтисодӣ, Ҳизби халқӣ, Ҳизби ягонаи халқӣ, Ҳизби ба шаҳрвандон содиқ, (гражданско-патриотическая партия) ХСТ ва ҳизби адолатҳоҳ), 7 ҳаракатҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба монанди «Лаъли Бадахшон, Растохез, Ориёнои бузург, Шӯрои таҷаддуди халқи (Совет националчного возраждения), Таҷаддуди халқӣ ва ягона, инчунин 430 ҷамъиятҳои гуногун ба қайд гирифта шуда буданд. Дар асоси пешниҳодоти Прокуратураи Генералии ҶТ соли 1993 бинобар сабаби риоя накардани оинномаҳои ҳизбӣ, ба қонун вайронкуниҳо роҳ додани барҳе аз роҳбарон ва аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳо бо Қарори Суди Олии ҶТ фаъолияти ХНИТ, ҳаракати «Лаъли Бадахшон, ва «Растохез» манъ карда шуда, бо хулосаи баъзе органҳои марбута соли 1995 фаъолияти онҳо боз аз нав барқарор карда шуд.

Умуман ҲНИ дар Осиёи Маркази ягона ҳизби хислати динӣ дошта ба шумор рафта, мақсади асосии он исломигардонии ҷомеъа ва давлат мебошад. Вале онҳо ношукрӣ аз соҳибистиқлолӣ ва тинҷию оромӣ дар Тоҷикистон карда, мехостанд, ки солҳои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намоянд.

Агар нисбати М. Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурӯшад. Чунин шахсиятҳо хеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, М.Ҳайит, Саидумар Хусайнӣ ва дигарон, ки айни хол намаки махбусиро мечашанд, мазхаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии ҶИЭ мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд. Аммо, хушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат, ва дигар сохторҳои қудративу низоми боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.

Эсонова М.О.

муаллими калони кафедраи баҳисобгирии

бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *