Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст!!!

Ахиран мақолаи Юрий МАКЕЕВ  “Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. Аммо …” дар шабакаҳи иҷтимоӣ ба нашр расид, ки муаллиф дар он перомуни дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар Варшава баргузории конфронси солона таҳти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» ва ин дафъа низ иштироки фаъолони ТТЭ ҲНИ, ки  ба он даъват шудаанд, нақл менамояд.

Ин матолиб дар сомонаи centrasia.ru  ҷой дода шудааст, ки дар он таъкид мешавад, ки санаҳои 9-21 сентябри соли ҷорӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ»-ро доир намояд. Чун анъанаи дерина интизор меравад дар он аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, иштирок кунанд. Роҳбари он М. Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати шахсии худ ташкилкунандагон ва меҳмонони ин конфронсро «хушнуд» созад ва аз таҷрибаи бузурги террористии худ дар доираи ин чорабинӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳикоя кунад.

Мо ҳама хуб медонем, ки аз 57 давлати аъзои САҲА  13 кишвар инчунин ба сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ (СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол) шомиланд, ҳизби мазкурро террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ (http://ecrats.org/ru/news/6910), ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо  масоҳати  умумии  4,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ, яъне фарогири қариб ними аҳолии сайёра (аз 7,6 млрд.), манъ аст, шомил карда шудааст. Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ  аз ҷумлаи  се ҳазор нафар террористонест, ки ба Феҳристи ягонаи кофтукови СМЗТ СҲШ шомил карда шудааст.

Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳои расмӣ матолибе перомуни дар Қоҳира баргузор гардидани конференсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» ба нашр расид. Воқеан ин конфронси сатҳи байналмилалӣ ба фаъолияти экстремистию террористии ин ду ҳизб, ки айни замон фаъолияташон қатъ гардидааст, бахшида шуда, дар он коршиносони сатҳи байналмилалӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.

Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ дар толори Шӯрои мисрӣ оид ба корҳои хориҷӣ, воқеъ дар  шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодӣ баргузор гардид. Чорабинӣ зери сарпарастии пажӯҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии «Ҳивор» ва Намоишгоҳи баҳрӣ гузаронида шуд.

Конференсия зери унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом» сурат гирифт. Дар рафти он таърихи созмонҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, шабоҳати вазъияти ду кишвар, муштаракот ва ягонагии ин созмонҳои террористӣ, ки ҳарду кӯшиши ноором сохтани суботи ҳам Миср ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, масъалаҳои мубориза ва ҳамкорӣ бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни конференсия аксҳои воқеии амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин филми мустанади «Решаҳои ноаён» дар бораи фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон намоиш дода шуд. Дар чорабинӣ беш аз 150 нафар бо шумули коршиносони соҳа, устодони факултетҳои сиёсии донишгоҳҳои Миср, пажуҳишгарони сиёсӣ, рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ, корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизиони давлатии Миср ширкат варзиданд.

Конфронс дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо пешниҳодҳои ҷолиб баҳри пешгирӣ аз экстермизму терроризм анҷом ёфт. Мо баргузории чунин як конфронси байналмилалиро дастгирӣ намуда, боварӣ дорем, ки ҳар ду кишвар  бо терроризм дастаҷамъона мубориза бурда, намегузоранд, ҳизб ва ё гуруҳҳои экстремистию террористӣ боиси ноором гардидани авзои кишвар гарданд.

Дар идомаи матлаби навишташуда мо боз ба як хулоса омадем, ки дар ҳақиқат САҲА аз рӯи принсипи “шаҳри бедарвоза” амал карда, арзишҳои демократию башардӯстонаи худро тибқи барномаҳои худаш амалӣ месозад. Магар ин ҳама далелу аснод кам аст, ки дари дӯстиву муҳаббатро барои ташкилоте чун ТЭТ ҲНИ боз карда, аз ҳар ҷиҳат ба онҳо дасти мадад дароз мекунад. Фаъолияти САҲА дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳдуд карда шудааст ва дар Тоҷикистон низ истисно нест, ки барои чунин амалҳояш, яъне дастгирии сарварони ТЭТ ҲНИ имкон дорад, он билкул баста шавад.

Олимӣ Р. Л.,
номзади илми иқтисод, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *