Амалҳои бадхоҳонаи ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем!

Аз хондану шунидани  мақолаҳои васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба фаъолияту рафтори гурӯҳҳои  терористию экстремистӣ  ба хулосае омадам , ки аз дасти гурӯҳҳои зикр шуда, ба мисли  ДИИШ, Толибон, Ал-қоида, ҳизби таҳрир, ҲНИ ва ғайра кишварҳои ороми олам, ба хусус давлатҳои мусулмонии Шарқ яке паи дигаре ба коми ҷангу ноиттифоқӣ гирифтор мегарданд.

 Ман тарафдори онам, ки решаҳои асосии ташкили чунин гурӯҳҳо муайян карда шуда, ин гуна  гурӯҳҳои  терористию экстремистӣ  аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон несту нобуд карда шаванд,  зеро ки он  ба зиндагии орому осудаи тамоми дунё оқибатҳои манфии худро таъсир мерасонад.

Чанде пеш дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Миср зери унвони «Дар бораи Ҳизби ихвонӣ, ки дар амали террористӣ даст дорад, чӣ медонед?» мавод нашр гардид, ки амалҳои террористии ҲНИ бо далелҳо собит намудааст. Мо ин маводҳоро мутолиа намуда, бори дигар бовар ҳосил кардем, ки ҲНИ ва ДИИШ дар ҳодисаҳои террористӣ ва ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ даст доштаанд:

 «Бо вуҷуди ба душ гирифтани гурӯҳи террористии ДОИШ амали ахири террористиро, ки бар асари он 4 гардишгари хориҷӣ дар Тоҷикистон ба ҳалокат расид, мақомоти марбутаи Тоҷикистон нақши асосии ТТЭ ҲНИ-ро дар ин ҳодисаи террористӣ ошкор сохт.

Рӯзномаи «Times»-и бритонявӣ гузориши мақомоти амниятии ҶТ-ро ба нашр расонид, ки дар он роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар таҳрезӣ ва нақшаи ин амали террористӣ, маблағгузории афроди террористӣ, омӯзиши маҳоратҳои ҷангӣ дар Эрон ҷиҳати амалисозии ин ҳодисаи террористиро таъкид намуд.

Сомонаи «Амон» перомуни «ТТЭ ҲНИ» тадқиқот анҷом дода, маълум намуд, ки ин ҳизб бар асоси идеологияи Ҳасан Бано – таъсисдиҳандаи «Ихвон-ул-муслимин» ва Сайид Қутб – ақидасоз ва Абу Аъло ал-Мавдудӣ, ки устоди «Қутб» ба шумор меравад, барпо гардидааст.

Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ-ро, ки соли 1973 таъсис ёфта буд, соли 2015 ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ ворид намуда, мардумро аз пайвастшавӣ ба он манъ намуд. Ҳизби террористӣ – экстримистии Ҳизби наҳзати исломии ихвонӣ бо кишварҳои дастгирикунандаи гурӯҳҳои террористӣ робитаи зич дошта, дар сархати ин гуна кишварҳо – Эрон ҷойгир аст. Эрон бо вуҷуди дар рӯйхати террористӣ қарор доштани ТТЭ ҲНИ, соли 2016 роҳбарияти ҳизбро меҳмоннавозӣ намуд. Кишвари дуввум Қатар аст, ки маблағгузори ҳизб буда, чандин маротиба роҳбарияти ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ дар канали «ал-Ҷазира» бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон баромадҳо кардааст».

Ҳамасола аз санаи 9 то 21 сентябри соли ҷорӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ»-ро доир менамояд. Интизор меравад дар он аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, иштирок кунанд. Роҳбари он М. Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати шахсии худ ташкилкунандагон ва меҳмонони ин конфронстро «хушнуд» созад ва аз таҷрибаи бузурги террористии худ дар доираи ин чорабинӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳикоя кунад.

Мо дар боло факту санадҳои муътамади зиёдеро дар бораи даст доштани ТЭТ ҲНИ дар амалҳои террористӣ ҷой додем ва бо вуҷуди ҳамаи ин ташкилоти бонуфузе чун САҲА имрӯз пуштибони онҳо гардида, ба суханони иғвоангезашон гӯш медиҳад, ба саркардаҳои он минбар медиҳад, ки нисбати кишвари мо бадгӯӣ намоянд. Мо ҳама хуб медонем, ки аз 57 давлати аъзои САҲА  13 кишвар инчунин ба сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ шомиланд, ҳизби мазкурро террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо  масоҳати  умумии  4,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ, яъне фарогири қариб ними аҳолии сайёра (аз 7,6 млрд.), манъ аст, шомил карда шудааст. Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ  аз ҷумлаи  се ҳазор нафар террористонест, ки ба Феҳристи ягонаи кофтукови СМЗТ СҲШ шомил карда шудааст.

Имрӯз далелҳои раднопазир дар бораи ТЭТ ҲНИ пешниҳод гардида,  фаъолияти он дар конфронси байналмилалии Миср мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳамчун ҳизби террористию экстремистӣ эътироф гаштааст. Пуштибонии ҳизби мазкур аз тарафи ҶИЭ ва намоиши чандин филмҳои мустанад, аз ҷумлаи “Решаҳои ноаён”, “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва ғайра далел бар он мекунанд, ки дар ҳақиқат ТЭТ ҲНИ чун ҳизби террористӣ дар муташанниҷ гардонидани авзои кишвар даст ба амалҳои ношоиста задааст. Мо фаъолияти пасипардагии ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум мекунем ва боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланди тоҷик ҳеҷгоҳ фирефтаи афкори душманони миллат намегарданд. САҲА як замоне дар Тоҷикистон фаъолияти хеле густурда дошт, аммо бо гузашти вақт бо дасисаву иғво ва дастгирии мухолифин, ноором кардани авзоъ дар минтақа ба корҳои ношоиста даст зада, имрӯзҳо фаъолияти он дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле маҳдуд гардидааст. Дар Тоҷикистон низ САҲА имрӯз обрӯ ва нуфузи бузургеро соҳиб нест ва дар сурати дастгирии мухолифини бадандеш ва ТЭТ ҲНИ фаъолияти минбаъдаи худро ба тамом зери суол мебарад.

Муъминов М.,
Раҷабов Р.,
устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *