ДАР КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯИ МО СУЛҲУ ОРОМӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ ҲУКМФАРМО БОШАД!

Мутаассифона, авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст, зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашидаанд. Дасисаву дастгирии баъзе абарқудратҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ давлатҳои дигарро ба амсоли Афғонистон ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд. Дар замони суқути ҳаракти “Толибон”миқдори муайяни ҷангҷӯёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) аз зиндонҳо озод шуданд. Айни замон ДИИШ на фақат барои амнияти Афғонистон, инчунин ба ҷаҳонӣ таҳдидҳои навро эҷод сохтаанд. Имрўзҳо сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Тибқи маълумотҳо дар давоми нуҳ моҳи соли охир дар ҷангҳои Афғонистон садҳо нафар шаҳрвандони ғайринизомӣ кушта шуда, ҳазорон нафар бошандагони ин кишвар хонаҳои худро тарк намуда, ба давлатҳои дигар гуреза шуданд. Ин вазъ пеш аз ҳама барои занон, кӯдакон ва пирони барҷомонда бисёр сангин аст. Тамошои наворҳо аз дабистонҳои фаъолиятдоштаи Афғонистони имрӯза шаҳодат медиҳанд, ки дур сохтани занону духтарон аз мақомҳои давлатӣ ва дигар амалҳои зиддитамаддунии толибонтабор маҳз аз ифротгароӣ далолат медиҳаду ба “шариати исломӣ” алоқамандӣ надорад. Ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамадуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намудаанд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷонии ҳар як сокини сайёра аст.
Хулоса воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои дохилии Афғонистон бефарқ набошем. Ҷоиз ба қайд аст, ки мавқеи одилона ва устуворонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати дарки масъулият ва матонати миллӣ асту то ба ҳол сиёсатмадори дигаре чунин бузургӣ зоҳир накардааст.
Дар фарҷоми андешаи хеш аз суханрониии Пешвои муаззами миллат иқтибос меорем, ки чунин таъкид намуданд: “Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд”.
Изҳори нигаронӣ ва пешниҳодҳои саривақтии Сарвари кишвар доир ба вазъи Афғонистон дар сатҳи байналмилалӣ собит менамояд, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем. Дар заминаи ин таъкиди Сарвари кишвар, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.
М.АХМЕДОВ,
сармуаллими кафедраи математекаи
олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *