Рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон чун иди касбии омӯзгорон – Рӯзи муаллим ботантана қайд карда мешавад. Имсол таҷлили ин ҷашни фархунда ба рӯзҳое рост омад, ки тамоми мардуми сарбаланди диёрамон дар рӯҳияи болидаву дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, меҳру садоқати бепоёни худро бо баргузории роҳпаймоишои идона ба халқу Ватан намоиш доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон заҳмати пурмасъулияти тарбиятгарони насли наврасро шоиста қадр карда, таъкид доштанд: “Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд”.
Ба ифтихори Рӯзи бузургдошти муаллим дар донишкада чорабинии идона баргузор гардид. Директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан зимни табрикоти устодон аз суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, таъкид намуд, ки «Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Боиси хушнудиии аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада аст, ки имсол ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Пахтакор бунёд ва азнавсозии бинои нави таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо боварии комил таъкид менамоям, ки корҳои сохтмонӣ ва азнавсозию ороиши бинои мазкур пурра анҷом ёфтанд ва ба истифода дода шудани он туҳфаи арзандаи мо ба ҷашни фархундаи миллӣ мебошад.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор устодони донишкада барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои арзанда ифтихорномаву сипосномаҳои ҲХДТ, раёсати донишкада, кумитаи иттифоқи касаба ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Барномаи рангини фарҳангии донишҷӯён бахшида ба Рӯзи омӯзгорон иборат аз рақсу сурудҳои дилнишин, қироати шеърҳо ва саҳнаҳои адабӣ хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонид.