ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ҶОМЕАШИНОСӢ ОИД БА ДАСТГИРИИ ПЕШНИҲОДҲОИ СУЛҲХОҲОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ОИД БА ЭЪТИДОЛ ОВАРДАНИ ВАЗЪИ СИЁСИИ АФҒОНИСТОН

Мо омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ бо қаноатмандӣ ва ифтихори миллӣ қайд менамоям, ки воқеан таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки яке аз аввалинҳо шуда, аз оғози сар задани низоъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон дар сатҳи байналмилалӣ хоҳони бо роҳи мулоқот ва музокирот ҳал кардани низоъҳо буданд.

Бо як ҷаҳон ифтихору сарбаландӣ қайд кардан зарур аст, ки сиёсатмадори таҷрибадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба низом даровардани вазъи кишвари ҳамсоя воқеан пешниҳодҳои саривақтӣ карданд. Аз ҷумла, дар пешниҳодашон қайд карданд, ки кушодани роҳрав и гуманитарӣ барои расонидани кӯмакҳои башардӯстонаро ба мардуми зарардида зарур мебошад ва бо роҳи мусолиҳатомез ва музокира ҳал кардани низоъ дар Панҷшер аст. Дар баробари ин Пешвои миллат таклиф карданд, ки ҷонибҳои даргир ба Душанбе ҷамъ оянд ва дар мизи музокирот нишинанд, ки ин амал хоҳони бе хунрезӣ ҳал кардани низоъ дар Афғонистон мебошад.

Воқеан ҷасорату ташаббусҳои сулҳхоҳона ва дилсӯзонаи Пешвои муаззами миллат, барои манфиати тоҷикони бурунмарзӣ ва барқарор гаштани сулҳу субот барои ҳаммиллатонамон мекунанд, ки ин воқеаи нодир аст. Дар ҳақиқат Пешвои миллат дар ҳолати ниҳоят ҳассос ҷасорат карданд, ки бо роҳи музокирот масъала ҳалли худро ёбад ва дар ҳолате, ки нисбати ҳаракати “Толибон” дигар давлатҳо мавқеи худро то ҳол амиқ муйян накардаанд.

Пешвои тоҷикони ҷаҳон ошкоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус дар сатҳи чорабинии байналмилалӣ – Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) мавқеи Тоҷикистонро баён намуданд. Баробари ин Сарвари кишвар пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тайи як изҳорот оид ба масъалаи Афғонистон таъкид намуданд, ки мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки  кишвари Афғонистон  дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд.

Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз вазъияти вилояти Панҷшер, ки ягона минтақаи пурра тасарруфнашудаи Афғонистон мебошад, изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки ҳаракати «Толибон» ба ваъдаҳои худ дар ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои маскуни ин кишвар амал накарданд. Дар идома таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамаи шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.

Мо устодони кафедра дар интиҳои изҳороти хеш қайд менамоем, ки пешниҳодҳои сулҳхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили эътидол овардани авзои Афғонистон такони ҷиддӣ бахшида, барои таъмини сулҳу субот дар митақа, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳо нақши таъсирбахш ҳоҳад гузошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *