Қобилов Нарзулло

Қобилов Нарзулло 12 апрели соли 1947 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт  дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1965 мактаби миёнаи рақами 4-и ба номи Маъдани ноҳияи Аштро хатм намуд.  Соли 1965 ба факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДДТ) ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1970 ба баҳои аъло хатм кардаасст. Соли 1970 дар кафедраи химияи ғайриорганикӣ ассистент шуда кор кара, аз соли 1971 то соли 1973 дар сафи Армияи Совети офитсер, командири взвод ва командири ротаи ҳимояи химиявӣ хизмат намудаст.

Соли 1974 ба аспирантураи кафедраи химияи ғайриорганикии Донишкадаи ба номи Ленсовети ш. Ленинград дохил шуда, онро соли 1978 бомуваффақият хатм намуда, рисолаи номзади илми химияро ҳимоя кард. Аз соли 1978 то соли 1981 дар кафедраи химияи ғайриорганикии ДДТ ба вазифаи ходими калони илмӣ кор кард.

Аз соли 1981 дар кафедраи методикаи таълими химия дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент ва аз соли 1991 мудири кафедраи методикаи таълими химияи ДДТ фаъолият намуд. Соли 1995 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Б.Ғафуров дар вазифаи дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он кор карда, аз фанҳои технологияи умумии химиявӣ, методикаи таълим ва курсҳои махсус таълим дод. Аз соли 2005 дар Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ дар вазифаи дотсент кор карда, аз фанҳои химия, ҳифзи табиат, бехатарии ҳаёт, усулҳои таҳлили физикию-химиявиро таълим доданд. Дар раванди таълими фанҳои номбурда усулҳои нави таълим, воситаҳои техникии таълим, маводҳои дидактикиро самаранок истифода мебарад.

Солҳои дароз дар донишкадаҳои такмили ихтисоси мауаллимони шаҳри Душанбе, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба муаллимон методикаи таълими химия ва методикаи ҳалли масъалаҳоро дарс гуфта, бо муаллимони мактабҳои миёна алоқаи зичи дошта, ба онҳо кӯмаки методӣ ва амалӣ расонида истодааст. Корҳои таълимию методиро ба корҳои илмию тадқиқотӣ пайваста, пеш бурда, натиҷаи корҳои илмию методии худро дар 50 конфренсияҳои   илмию методии умумиттифоқӣ, иттифоқӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишгоҳӣ маърӯза кард.  Қобилов Нарзулло муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳо, дастуру китобҳо, ки 45 хусусияти илмӣ, 35 хусусияти методӣ ва 30 китобу дастур, дастурамал, китобчаҳои илмию оммавӣ ва соҳиби як патент ва ду шаҳодатномаи ихтироот ва кашфиёт мебошад. Дар давоми кори худ 3 маротиба аз курси такмили ихтисоси муаллимон дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Герсен ва дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов гузашт.

Соли 1994 аз ДДТ ба номи В.И. Ленин ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба вазифаи дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва услуби таълими он аз ҷониби Вазорати маорифи Тоҷикистон ба кор гузаронида шуд.Вақти тӯлонӣ муовини декани факултетҳои химия ва химияю биология, раиси зидди радиатсионӣ ва ҳимояи мудофиаи шаҳрвандии кормандони ДДТ, раис ва аъзои ҷюри олимпиадаи химиявии республикавӣ, вилоятӣ, аъзои шӯрои Институти илмию тадқиқотии илмҳои педагогӣ, аъзои шӯрои экспертии назди вазорати маориф  шуда кор кард.

Аз соли 2007 дар КЯТ ДДТТ сардори шӯъбаи таълим ва аз соли 2010 то 2013 мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумруки ДИС ДДТТ корҳои илмӣ ва педагогии худро самаранок пеш бурда, аз соли 2013 то имрӯз дар вазифаи дотсенти ҳамин кафедра фаъолият дорад. Инчунин аз соли 2015 дар вазифаи раиси ассотсиатсияи табибони халқии тибби анъанавӣ дар вилояти Суғд фаъолият намуда истодааст. Устод  Нарзулло Қобилов дар вақтҳои холигӣ бо омӯхтани таркиби химиявии гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ва гиёҳдармонӣ машғуланд. Аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қобиллов Нарзулло унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», Ифтихорномаи фахрии вазорати мактабҳои олӣ, Ифтихорномаи фахрии вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи фахрии шӯъбаи Сибири АИ СССР, Ифтихорномаҳои Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистон ва ифтихорномаи Тоҷикматлубот дода шудааст.

   

ШАРҲИ МУХТАСАРИ КИТОБИ ДАРСИИ “ҲИФЗИ МЕҲНАТ ДАР САНОАТИ САБУК”

Дар китоби дарсӣ  мақсад, вазифаҳои фан, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнат, вазифаи коргарон оид ба меҳнат, намудҳои ҷазо оид ба вайрон кардани қонун ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат,  бехатарии меҳнат дар истеҳсолот, гузаронидани дастурамал оид ба техникаи бехатарӣ, намудҳои он, вазифаи муҳандиси техникаи бехатарӣ маълумоти мукаммал дода шудааст. Инчунин дар бораи бехатарии таъсири барқ, нурафкании радиатсионӣ, моддаҳои тезсӯзанда, ҳимоя аз моддаҳои заҳрнок, омилҳои зарарноки истеҳсолот, гигиенаи меҳнат, ҷойҳои хафноки дастгоҳҳои истеҳсолот маводҳо оварда шудааст. Дар китоб воситаҳои муҳофизатии шахсӣ, тарзҳои расонидани ёрии аввали тиббӣ ба ҷабрдида ва маҷрӯҳшуда баён карда шудааст.

Барои мустаҳкам намудани дониши назариявии донишҷӯён оид ба ҳар як мавзӯи дарс саволҳо, супоришҳои  мушаххас ва тестҳо дода шудааст, ки донишҷӯён ба ин саволу супоришҳо ҷавоби хаттӣ менависанд ва маҷмӯи тестҳоро мустақилона аз худ менамоянд. Дар охир замимаҳо, қоидаҳои техникаи бехатарӣ, рӯйхати маводҳои доруқуттии ёрии аввалини тиббӣ, глоссария (шарҳи мухтасари мафҳӯмҳои асосӣ) оварда шудааст. Дар ҳар як боб матни машғулиятҳои лексионӣ, номгӯи супориши корҳои мустақилона, машғулиятҳои амалӣ ва тарзи гузаронидани онҳо, саволҳои тестӣ, саволҳои санҷишӣ, саволҳои хаттии имтиҳони ниҳоӣ ва рӯихати адабиёт пешниҳод гардидааст. Ин китобро инчунин кормандони муҳандисию техникии корхонаҳо ва дигар мутахассисоне, ки ба истеҳсолот сару кор доранд ва муаллимони химия, физикаи мактабҳои маълумоти умумӣ, техникӣ низ истифода бурда метавонанд.

ШАРҲИ МУХТАСАРИ КИТОБИ ДАРСИИ “МИКРОБИОЛОГИЯ, ГИГИЕНА ВА САНИТАРИЯ”

Китоби дарсии “Микробиология, гигиена ва санитария” дар соли 2007 дар нашриёти Хуросон бо теъдоди 500 адад аз чоп баромадааст. Дар ин китоби дарсӣ матни мухтасари 14 лексияҳо, корҳои амалӣ ва лабораторӣ, саволҳо барои такрор ва санҷиш, мавзӯъҳои кори мустақилона ва рӯйхати адабиёт оварда шудааст. Дар он мақсад, вазифа,  таърихи инкишофи фанни микробиология оварда шудааст. Дар бораи сохт, афзоиш, таснифи бактерияҳо, ҳаётгузаронии микроорганизмҳо, равандҳои туршшавӣ, синтези сафеда, аминокислотаҳо, витаминҳо, муҳофизати растаниҳо, санитария ва гигиенаи маҳсулоти озуқаворӣ маълумот дода шудааст. Инчунин дар бораи сохт, афзоиш гурӯҳҳо ва намудҳои микроорганизмҳо, паҳншавии онҳо, шароити ҳаётгузаронӣ, саҳм ва аҳамияти онҳо дар табиат ва саноати хӯрокворӣ маълумот дода шудааст. Микробиологияи санитарӣ ва асосҳои микробиологияи умумӣ бештар ба мутахассисони соҳаи савдо, хӯроки умумӣ ва маҳсулоти истеъмолӣ зарур аст. Вазифаҳои асосии илмию амалии он аз истифодаи микробҳо барои эҳтиёҷоти инсон, безарар кардани микробҳое, ки маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноатиро вайрон мекунанд ва онҳо барои саломатӣ, ҳаёти инсон, ҳайвоноту растаниҳо хатарноканд, иборатанд. Инчунин матни гузаронидани корҳои лабораторӣ, лавозимотҳо ва маводҳои озмоишгоҳҳои микробиологӣ, мушоҳидаи сохти ҳуҷайраи бактерияҳо, шакли бактерияҳо, усулҳои безараркунии бонкаҳо, омӯзиши морфологияи об, хок ва ҳаво инъикос гардидааст.

 ШАРҲИ МУХТАСАРИ ДАСТУРИ ТАЪЛИМИИ “УСУЛҲОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО АЗ ХИМИЯ”

Ин дастур дар нашриёти Маориф дар соли 1993 бо теъдоди 5000 адад нашр шудааст. Он ба муаллимони фанни химияи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, олӣ ва донишҷӯёни ихтисоси химия пешниҳод шудааст. Ин аввалин дастури таълимӣ-методие мебошад, ки дар он методикаи ҳалли масъалаҳои гуногунтип бо назардошти истифодаи байналмилалии СИ оварда шудааст. Дар дастур ҳалли масъалаҳои курси химияи мактаби миёна, ҳалли масъалаҳои душвор барои олимпиада бо роҳҳои гуногун нишон дода шудааст. Дар ин дастур масъалаҳои курси химияи ғайриорганикӣ ва органикӣ, масъалаҳои сифатӣ ва миқдорӣ ҳал карда шудааст. Ба ҳар як мавзӯъҳои алоҳида масъалаҳо барои ҳалли мустақилонаи хонандагон, довталабон ва донишҷӯён дода шудааст. Қисми муҳимтарини дастур ин ҳалли масъалаҳои мураккаб бо 2-3 роҳ мебошад, ки дар ҳалли чунин масъалаҳо муаллимон, довталабон ва иштироккунандагони олимпиадаҳои химиявӣ душворӣ мекашиданд. Дастрасшавии ин дастур мушкилии мутахассисони соҳаи химияро осон гардонд. Муаллиф мақсад ва ният дорад, ки онро дар шакли китоби дарсӣ чоп намуда, ба толибилмон ва муаллимон пешниҳод намояд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироот:

Аввалин бор китобҳои “Методикаи таълими химия ва корҳои лаборатории он”, “Ҳалли масъалаҳои химиявӣ” ва “Пешомадҳои саноати химия”-ро бо забони тоҷикӣ навишта шудааст (ниг. ба рўихат). Аввалин бор пайвасти комплексии рений (˅) бо лигандҳои махсуси фосфорорганикӣ синтез, тадқиқ ва омўха шуд (дар донишкадаи технологии ба номи Ленсовети шаҳри Ленинград (ниг. Ба рӯйхати автореферат ва рисолаи номзадӣ). Аввалин бор йоди таркиби чормағзи сабзи норасидаро миқдоран ҷудо намуда ва барои ҷудо кардани он асбоби махсус сохта шуд (ниг. Патент ва шаҳодатномаи ихтироот).

Ихтироот ва кашфиёт: Оид ба шаҳодатномаи муаллифӣ ва патенти ихтироот ва кашфиёт: Усулҳои ҷудо кардани йод аз пӯсти чормағзи юнонӣ Шаҳодатномаи муаллифии ихтирооту кашфиёт (бо ҳаммуалифии Шерматов М., Тухтасунов О.) Таҳти рақами 0273/10, TJ аз 02.08.2010 с.

Дар хусуси усулҳои ҷудо кардани йоди таркиби пардаи чормағз ва таркиби пўсти норасидаи чормағз корҳои илмӣ–тадқиқотиро дар озмоишгоҳи физикаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бо ҳамроҳии профессор Шерматов М. гузаронидем. Барои ин тадқиқоти гузаронидашуда ба олимони номбурда шаҳодатномаи муаллифии (№273/10) ихтироъкор дода шуд.

Шаҳодатномаи муаллифӣ: Усулҳои ҷудо кардани йод аз пӯсти чормағзи юнонӣ Шаҳодатномаи муаллифии ихтирооту кашфиёт (бо ҳаммуалифии Шерматов М., Тухтасунов О.) Таҳти рақами 0273 TJ аз 02.08.2010 с.

Патент оиди ихтироот ва кашфиёт: (Ҳаммуалифии Шерматов М., Тухтасунов О.) Патент ба ихтироот оид ба дастгоҳи “Ҳосилкунии йод аз пӯсти сабзи чормағз” аз тарафи маркази миллии патенту иттилооти вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардонида шуд. Ин патент ба ихтироот оид ба дастгоҳи “Ҳосилкунии йод аз пӯсти сабзи чормағз” аз тарафи маркази миллии патенту иттилооти вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 феврали соли 2013, № 437 дода шуд. Дар озмоишгоҳи назди кафедра барои ҷудо кардани йод, пусти сабзи онро аз чорммағз ҷудо намуда, онро маҳин кўфта, дар шкафи қоқкуни хушк намудем. Баъд онро ба колба ворид намуда, ба болояш спирти 96% рехтем, баъди гарм кардан йоди буғшударо дар колбаи дигар конденсатсия намуда, онро хунук карда, йоди моеъро аз он ҷудо кардем.  Таҷриба ва ташхиси гузаронида нишон дод, ки миқдори йоди дар равған ва мағзи чормағз буда, барои табобати бемории ҷоғар кифоя аст. Трибромоксиди-/4-хлор-метил-2-гидроксо1,2,3,2-диоксафосфалан рения (V) обладающий антитиреоидной активностҳ. (Ҳаммуаллифон: Боситова С.М., Ашурова Н.Ҳ.). Авторское свидетелҳство №1132515 по заявке №3560965 с приоритетом от 29 дек. 1982 г. заргист. I сент.1984.

ШАРҲИ МУХТАСАРИ ИХТИРООТИ “УСУЛҲОИ ҶУДО КАРДАНИ ЙОД АЗ ПӮСТИ ЧОРМАҒЗИ ЮНОНӢ

 Аввалин бор йоди таркиби чормағзи сабзи норасидаро миқдоран ҷудо намудем. Мувофиқи пешниҳоди муаллифон  Шерматов М., Қобилов Н.Қ., Тухтасунов О. шаҳодатномаи муаллифии ихтирооту кашфиёти “Усулҳои ҷудо кардани йод аз пӯсти чормағзи юнонӣ” таҳти рақами 0273/10, TJ аз 02.08.2010 сол аз тарафи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Дар хусуси усулҳои ҷудо кардани йоди таркиби пардаи чормағз ва таркиби пўсти норасидаи чормағз корҳои илмӣ–тадқиқотиро дар озмоишгоҳи физикаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бо ҳамроҳии профессор Шерматов М. гузаронидем. Барои ин тадқиқоти гузаронидашуда ба олимони номбурда шаҳодатномаи муаллифии ихтироъкор дода шуд.

Муаллифон дар таркиби чормағзи норасидаи сабз мавҷуд будани йодро тадқиқ намуда, барои табобати бемории ҷоғар (зоб) истифода намудаанд, ки натиҷаи хуб дод. Муҳимаш дар он аст, ки ин мавод дар Тоҷикистон хеле зиёд буда, истифодаи он дар муддати кӯтоҳ ба бемории ҷоғар шифо бахшид.

ШАРҲИ МУХТАСАРИ ИХТИРООТИ (ПАТЕНТИ) “СОХТОР БАРОИ ҶУДО КАРДАНИ ЙОД АЗ ПӮСТИ САБЗИ ЧОРМАҒЗ”

Барои миқдоран ҷудо кардани йод дар истеҳсолот асбоби махсус сохта, барои амалӣ гардонидани он дар корхонаҳо пешниҳод карда шуд, ки мувофиқи он Гувоҳномаи (Сертификати) ихтироъи нахустпатенти TJ № 561 “Сохтор барои ҷудо кардани йод аз пӯсти сабзи чормағз” ба муаллифон Қобилов Н.Қ., Шерматов М., Тӯхтасунов О. ва Холов А. аз тарафи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Ин ихтироот ба соҳаи илми химия тааллуқ дорад, ки онро дар соҳаҳои тиб ва саноати хӯрокворӣ истифода мебаранд.

Сохтори ин асбоби махсус дар Навиштаҷоти ихтироот ба патент оварда шудааст, ки нусхаи он дар замима пешниҳод карда мешавад.

Патент ба ихтироот оид ба дастгоҳи “Ҳосилкунии йод аз пӯсти сабзи чормағз” аз тарафи маркази миллии патенту иттилооти вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22 феврали соли 2013, № 437 дода шуд. Дар озмоишгоҳи назди кафедра барои ҷудо кардани йод, пӯсти сабзи онро аз чормағз ҷудо намуда, маҳин кўфта, дар шкафи қоқкунӣ хушк намудем. Баъд онро ба колба ворид намуда, ба болояш спирти 96% рехтем, баъди гарм кардан йоди буғшударо дар колбаи дигар конденсатсия намуда, онро хунук карда, йоди моеъро аз он ҷудо кардем.  Таҷриба ва ташхиси гузаронида нишон дод, ки миқдори йоди дар равған ва мағзи чормағз буда, барои табобати бемории ҷоғар кифоя аст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии Маорифи РСС Тоҷикистон (1987) ( Душанбе)

Телефон ва почтаи электронӣ; +992927606040, Kobilov.1947@mail.ru

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *