Олимпиадаи тахассусӣ байни донишҷӯён

Аз ҷониби кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит» олимпиадаи тахассусии давраи якум байни донишҷӯён санаи 14 октябри соли 2021 дар аудиторияҳои гурӯҳҳо (211, 212, 207, 13, толори лексионии 1, утоқи лаборатории 5,) гузаронида шуд. Дар раванди олимпиада новобаста мудири кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит» дотсент Абдураҳмонова М.З. ширкат варзида ба донишҷӯён ҳидоят намуданд, ки пешаи роҳи илмро намоянд, зеро ҷавонони заковатманд ояндаи дурахшони миллатанд.
Баҳри баланд гардонидани шавқи мусобиқавии донишҷӯён дар давраи якуми олимпиадаи тахассусӣ ҳамаи донишҷӯёни ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит» ва «Аудит ва ревизия» ҷалб карда шудаанд, ки миқдори умумии онҳо 105 донишҷӯёнро фаро гирифт. Дар натиҷаи тафтиши супоришҳои иҷрошуда 35 нафар холҳои зиёда аз 65 холро сазоворгашта ба давраи дуюм гузаронида шудаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *