Даври 1-уми олимпиадаи фаннӣ аз фанни назарияи иқтисод

Санаи 14-уми октябри соли 2021 аз тарафи устодони кафедраи назарияи иқтисод даври 1-уми олимпиадаи фаннӣ аз фанни назарияи иқтисод барои курсҳои 2, 3 ва 4-уми гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русии ихтисосҳои иқтисодӣ дар бинои таълимии №3, толори лексионии якуми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.


Олимпиадаи фанниро мудири шӯъбаи илм ва инноватсия н.и.ф., дотсент Камолов Ф., муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ н.и.ф., дотсент Манонова Р. ва мудири кафедраи назарияи иқтисод н.и.и., дотсент Бобоев Ғ. Ғ. ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиён бурдбориҳо ва комёбиҳоро таманно намуданд.


Дар олимпиада 94 нафар донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4-ум иштирок намуданд, ки аз онҳо 59 нафар бо забони тоҷикӣ ва 35 нафар бо забони русиро дар бар гирифт. Барои ба дараҷаи баланд ва сари вақт гузаронидани олимпиадаи фаннӣ устодони кафедраи назарияи иқтисод аз ҷумла: шахсони муттасадӣ д.и.и., профессор Азимов А. Ҷ., н.и.и., дотсент Маҷидов А., н.и.и., дотсент Баратова Н., н.и.и., дотсент Бобоев Ғ. Ғ., муаллимаи калони кафедра Абдусамадова Х. Ғ., ассистентон Ғафурова Ф. К., Фаёзова М. А., Абдузуҳурова З. Б., Нурматова С. Н., Абдуллоева М. Н., Раҳмонов Ф. Х., инчунин Маҳмудов М. М. саҳми арзандаи худро гузоштанд.


Ёдовар мешавем, ки дар соли хониши 2020-2021 донишӯи курси 2-юми ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон”- и ДИС ДДТТ Сатторов Некрӯз Илҳомҷонович аз фанни назарияи иқтисод дар сатҳи ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зери унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз …” бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои 3-юм ва дипломи дараҷаи 3 гардида буд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *