ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ нисбат ба амалҳои иғовогаронаи ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо омӯзгорони кафедра огоҳ ҳастем, ки собиқ аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) ҳоло бо номи Паймони миллӣ номзугорӣ намуда, чун солҳои 90-уми асри гузашта бо суханҳои иғвогаронааш рукнҳои дини мубини Исломро нодуруст тарғиб карда, ба чашми одамон хок пӯшидан кӯшиш намуда истодааст. Таърих гувоҳ аст, ки лиқои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломи (ТТЭ ҲНИ)-ро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, мардумро огоҳ мекунанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то мамнӯъ шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан қадре ҳам саҳме нагузоштааст. Баробари ин бояд қайд кард, ки имрӯз  бештари собиқ аъзоёни ҲНИ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо паноҳ ёфта, тибқи супориши ҳоҷагони хориҷиаш мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар барномаи ифротӣ бо номи  “Паймони миллӣ…” баромад намуда, нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тӯҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истодааст. Ба фаъолияти қаблӣ ва ҳозираи  ТТЭ ҲНИ агар кас назар афканад, бе ягон шубҳа дарк менамояд, ки ашхоси ба ташкилоти ифротгароён шомил мешавд, оқибат тақдири ояндааш месӯзад.

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва Истиқлолияти кишвари азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлол давлатии кишвар талош варзанд.

Дар фарҷоми изҳороти хеш рафтору гуфтори иғовогаронаи ТТЭ ҲНИ ва дигар созмонҳои ифротироро шадидан маҳкум карда, то ҷон дар тан дорем намегузорем, ки фазои ороми муқаддаси ватанамон  ғуборолуд гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *