Дар доираи баргузории Рӯзи ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор донишҷӯёни соҳибистеъдод ва болаёқати Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, ки дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани мақомҳои шоиста мушарраф гардиданд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ – “Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ” донишҷӯёни донишкада Аслам Имомназаров дар бахши психология бо дипломи дараҷаи 1, Бобоҷонова Бунафша дар бахши фарҳангшиносӣ бо дипломи дараҷаи 2 ва Фирдавс Раҳмонов дар бахши сиёсатшиносӣ бо дипломи дараҷаи 3 бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 сарфароз гардонида шуданд, ки донишҷӯёни мазкур аз тарафи раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдо бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шудааанд. Ҳамчунин Муҳаммадҷон Юнусов барои ишғоли ҷойи сеюм дар дуюмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” аз рӯйи равияи “Математика” бахшида ба солҳои 2020-2040, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон гардидани солҳои 2020-2026 “Солҳои рушди саноат” бо дипломи дараҷаи се сарфароз гардонида шуд. Ҷараёни супоридани туҳфаҳо ва дипломҳо аз тарафи шабакаи ШТР “Азия” наворбардорӣ карда шуда, дар барномаи “Навид” пахш карда шуд. Инчунин дар сомонаи расми Донишкада ва рузномаи “Иқтисод ва тиҷорат”-и донишкада ахбор нашр гардид. Ба ғолибони озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ – “Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ” директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, дар таҳсили минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд.