Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ устодону донишҷӯён дар ДИС ДДТТ бо сардори шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии РКҲФ ва МГ дар вилояти Суғд подполковник Нуралиев Зуҳриддин ва кормандони РКҲФ ва МГ дар вилояти Суғд вохӯрии судманд доир гардид. Мулоқотро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Аҳророва Г.У. ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард ва мавзуи мулоқотро барои донишҷӯён муфид маънидод намуд.
Намояндаи раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд подполковник Зуҳриддин Нуралиев вобаста ба ҳудуди обии вилоят ва мавсими оббозиву ғарқшавӣ ба иштирокчиён сӯҳбати озод намуда дар мавзуи «Риояи қоидаҳои бехатари ҳангоми оббозии кудакон, наврасон, калонсолон дар мавзеъҳои шиноварӣ ва расонидани ёрии аввалини тибби ҳангоми ғарқшавӣ дар об» баромад кард.
Мулоқоти судманд бо кормандони РКҲФ ва МГ дар вилояти Суғд саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ ба анҷом расид.