Санаи 28-уми майи соли 2022 устодон ва донишҷӯёни Донишкада филми «Шикасти фитна»-ро, ки он сабабҳои ҳодисаҳои моҳи майи соли равон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бозгӯ мекард, дастаҷамъона тамошо карданд. Филми мазкур вобаста ба фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ, ки дар бетартибиҳои моҳи май айбдор мебошанд, таҳия гардидааст.
Пас аз тамошои филм якчанд нафар профессорон ва устодони Донишкада фаъолияти ҷиноӣ ва хиёнаткоронаи як гурӯҳ ашхоси дастгиршударо дар ВМКБ маҳкум намуда, аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд.