ОФТОБ

Офтобе сохт аз дунёи нур
Гар Худо дар осмони лоҷувард,
Тоҷики бедордил дар хоки хеш
Офтоби дигаре бунёд кард!

Офтобе, то ки аз анвори ӯ
Ҷодаи ояндааш пурнур бод!
Офтобе сохт то аз партаваш
Чашми танги душманонаш кӯр бод!

Бобаки Суғди

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *