ЗОДРӮЗИ РӮШНОӢ

Чарх гардад чархи гардун,
Бо ҳавои чархи Роғун.
Миллати ман,
Аз варои торикистонҳо раҳоият муборак бод!
Зодрӯзи рӯшноият муборак бод!
Баъди ин уммедворӣ,
Хонаву рӯзу шаби тоҷик равшан бод!
Баъди ин ҳар гӯшаи торик равшан бод!
Баъди ин фикр аз фурӯғи фитрати борик равшан бод!
Миллати ман!
Сӯи фардо раҳкушоият муборак бод!
Зодрӯзи рӯшноият муборак бод!

МАЛИКНЕЪМАТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *