БАХТИ МЕҲАН

Оғози кори Роғун , субҳи сафои тоҷик ,
Ҳам бахти мо ҳумоюн , зери ливои тоҷик.
Ин марзу обу хокаш , нури илоҳӣ дорад ,
К- аз он зиё биёяд ҳар дам барои тоҷик .

Аз Нораку зи Роғун дил муттако биёбад ,
Тоҷик , ту гӯйӣ дар дил , кони тилло биёбад.
Бо азму бо талошаш савту садо биёбад ,
Дилҳо фидои Роғун , ҷонҳо фидои тоҷик .

Мо шохаҳои як тан , андар дарахти Меҳан ,
Дасти ба даст бошем , дар рӯзи сахти Меҳан .
Андар замини Роғун , бишкуфта бахти Меҳан ,
Зеро бақои Роғун , бошад бақои тоҷик .

Расул Додхоҳи Раҳимиён

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *