ОБ – МАНБАИ ҲАЁТ

Дигаргуншавии иқлими сайёраи замин, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ омадан дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, заминҷунбӣ, обхезӣ, ярчу тӯфон, сӯхтори ҷангалзорон, фаромадани сел норасоии оби ошомиданӣ дар бархе аз манотиқи олам ва дигар намуди офатҳои табиӣ ки вайрон шудани муҳити зист ва ё хароб гардидани минтақаҳои оламро дар бар мегирад рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Дар қатори ин проблемахои глобалӣ мушкилоти ҷаҳонии оби ошомиданӣ дар бисёре аз мамолики дунё мардумонро ба ташвиш оварда истодааст.Аз як тараф норасоии оби ошомиданӣ ва аз тарафи дигар ба вуқуъ пайвастани хавфу хатарҳо дар ҳаёти сокинони осоиштаи ҷаҳон аз мадди назар дур нестанд.
Мутаассифона имрӯзҳо мардумони Африқои шимоливу сокинони Шарқи наздик бо дефицити мушкилоти оби ошомиданӣ ва низоъҳои ҳамаруза барои таъмин намудани сокинонашон бо об хеле зиёд ба чашм мерасад.Сокинони осоиштаи ин минтақаҳои олам барои рафъи мушкилоти об инчунин барои заминҳои обёришавандаю барои чорвоҳояшон бо чиқадар заҳмати зиёд даҳҳо ҳазор километрро тай намуда, ё садҳо метр чуқурии чоҳ кофта аз зери замин об ба боло мекашанд то,ки аз азияти беобӣ намиранд, ва ин мушкилоти сокинон чиқадар заҳматҳои зиёду тӯлониеро дар бар мегирад.
Аз як тараф норасоии оби нӯшокӣ ва аз тарафи дигар риоя накардани сокинон аз истифодабарии обҳои ғализу ифлос боиси он гаштааст,ки дар ин кишварҳо бемориҳои зиёде ба қайд гирифта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаммаи суханрониҳои худ доираи проблемахои дигаргуншавии вазъи иқлими ҷомеаи ҷаҳон ва камшавии оби ошомиданию обшавии пиряхҳо аз минбархои баланди Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) баромад карда, мардумони ҷаҳонро борҳо таъкид менамоянд,ки аҳолии курраи замин обҳои ошомиданиро самаранок истифода бубаранд,ва аз обҳои ифлосу ғализ худдорӣ намоянд.Зеро бисёрии бемориҳои сироятӣ аз истифодабарии обҳои ифлос сар мезанад.
Ташаббусҳои пешгирифтаи сарвари давлати мо дар соҳаи об басо назаррас ба чашм мерасад нисбат ба дигар сиёсатмадорони кишварҳои ҷаҳон.
Яке аз ин ташаббусҳо доираи даҳсолаи байналмиллалии”Амал об барои рушди устувор 2018-2028″ мебошад, ки ин ташаббуси пешгирифтаи Пешвои миллати тоҷик ҳанӯз соли 2016 аз ҷониби маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) пазируфта шуд. Ғайр аз ин эълон шудани”Соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза” ва “Солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмиллалии амал об барои ҳаёт” ва “соли 2013 соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.
Проблемаи глобалии оби ошомиданӣ имрӯзҳо дар сар то сари кишварҳои ҷаҳон дучанд афзуда истодааст, зеро ба гуфтаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) хушкшавии маҷрои дарёҳо, шуршавии оби ошомиданӣ,обшавии захираҳои калони пиряхҳои ҷаҳон ба он оварда расонидааст, ки аз сабаби гармшавии иқлими курраи замин ҷомеаи ҷаҳон мушкилоти ҳалталаби оби ошомиданӣ ва норасоии маводи озуқаро аз сар гузаронида истодааст.
Бубинед……ба ақидаи иқлимшиносони ҷаҳон соли 2016 гармтарин сол пешгӯӣ шудааст дар як садсолаи охир.Ба ин монанд дар кишвари мо дар як даҳсолаи охир қариб 30-35 % – и пиряхҳои кишварамон об шуда ва ин амал то ба ҳол идома ёфта истодааст.Ин нишондоди гармшавии иқлим дар Тоҷикистони азизи мо боиси кам гаштани маҷрои дарёҳо ва кулу чашмаҳо шуда истодааст.
Даҳсолаи байналмиллалии “Амал об барои рушди устувор 2018-2028” иқдоми накуест барои мардуми манотиқи олам, баҳри дар амал татбиқ намудани ин ҳадаф миллионҳо мардумони осоишта аз мушкилоти оби ошомиданӣ раҳо хоҳанд шуд.
Мӯҳтавои ин даҳсолаи байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар он аст,ки сокинони минтақаҳои танқисидошта аз оби ошомиданӣ бештар мароқ зоҳир менамоянд дар ҳалли мушкилии пешомада, ва ҳамкориҳои ногусастаниро дар ин ҷода бештар ба роҳ мемонанд.
Аз ин рӯ аз ҳаммаи сокинони кишварамон даъват ба амал меорем,ки баҳри бартараф кардани ҳалли мушкилоти об бетарафӣ зоҳир накунанд ва оби нушиданиро самаранок истифода бубаранду тоза нигоҳ доранд,зеро бисёрии бемориҳои сироятшаванда аз истеъмоли обҳои ифлос пайдо мешаванд.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *