ШӮЪЛАИ УМЕД АЗ СУЛҲУ ВАҲДАТ​

Фазои орому осуда, хандаи беғаши кӯдакон, шодиву нишоти модарону падарон нишона аз сулҳу оромиш мебошад. Ҳар ҷое, ки муттаҳидиву осоиш аст, он ҷо биҳишт аст. Файзи истиқлол аст, ки мо ба ин рӯзҳои пурнишот расидем. Якдилу як қавм шудем. Зери як ливо, як суруд қадам ба пеш мегузорем. Ин ҳама қосиди сулҳу, нишонаи давлати пешрафтаву обод мебошад. Маҳз сулҳ аст, ки боиси равнақи кори мардум ва касоди бозори ҳодисаҷӯён мегардад.
​ ​Чун ба атроф менигарем, мушоҳида мекунем, ки дар замони кунунӣ аз пушти сарвату манфиатҳои гурӯҳҳо давлатҳои ном ободу осударо ангуштшумор пайдо мекунем. Гарчанд нохалафон дар амали кӯшиши нооромии марзу бумро мекунанд, аммо ба мақсуди дили худ ҳеҷ гоҳ намерасанд. Зеро мардум таърихро дар ёд доранд, он рӯзҳое, ки аз пушти мансабталошону иғвоангезон Тоҷикистонро ба кадом ҳолат оварда буданду чӣ рӯзҳои даҳшатро ба сари тоҷикон бор карданд. Хоби ноором, ноумедӣ ба фардо, гуруснагиву хотири парешон, дур аз пайвандон, ноҳақ рехтани хуни мардуми шариф….
​ Аз ҳаводиси пай дар пайи Бадахшон, ки як пораи Ватан асту аз ҷониби баъзе нопокону бадтинатон фазои олудаи дуди сиёҳ мегардад, гуфтаниам, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба муроди дилашон намерасанд. Имрӯз мо қувваҳои мусаллаҳ дорем, ки ин фазои нооромро ором мекунанд. Мардумони баору номус дорем, ки нисбати ин ҳаводиси аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ба амал омадаро амали хоинона ба миллату давлат мешуморанду баҳри пойдории сулҳу субот бетараф нестанд, балки чун Коваи оҳангар баҳри осоиши ҷомеа камари ҳиммат мебандад. Аз он ки ҳамаи мо огоҳ ҳастем, мардуми бешараф бо ягҷоягии хоҷагони бузург роҳи тангу торикро, ки умеди рахшон надорад пеш мегиранду бо ваъдаҳои ботил мардумро ба суи худ даъват менамоянд, аммо то ба охир қадам ба ин пайроҳа гузошта наметавонанд. Зеро қадами онҳо ноустувору пайроҳаашон бемақсуд аст. Чуноне бузурге мегўяд:
«Лаззате, ки аз арҷи дигаре ба даст меояд, шарбате аст, ки дар он талхи бошад, ширинӣ мегузарад ва талхии пушаймонӣ мемонад».
Чун зури ангушт дар мушт аст ва мо имрўз муттаҳидем, бо шукргузорӣ аз ин сарзамини ободу шукуфон зиндагии хуррамонаву ободу осуда дорем. Бинобар он ҳеҷ гоҳ ягон гурӯҳи ботил имкони ба пуррагӣ як гушаи кишварро ноором карда наметавонад ва онҳое, ки ғараз доранд, дар амали ягон фикри бад ҳастанд, рўзе сахт пушаймон мешаванд, ки он вақт дер хоҳад шуд. Ҳоло ки вақт ҳаст мо бояд хулосаи дурусту дақиқ барорем, ҳамеша баҳри хуррамиву зиндагии сабзи ҳамдигар бошем, дар ҳамдастиву муттаҳидӣ рўзгори пурфайзро соҳибӣ намоем, ки ин нишонаи одамӣ аст.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *