БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Оромии ҷомеа на танҳо аз оромии дохилӣ, балки аз тамоми башарият вобаста аст. Солхои охир симои аслии Мухиддин Кабирӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ ва ё бо номи Паймони миллӣ (ПМ) маълум аст ва мардуми кишвари Тоҷикистон ӯро хамчун як нафари хоини ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ бо дастури хоҷагонаш кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имрӯз ин хоини миллат дар яке аз кишварҳои Аврупо зиндагии мухоҷирона дорад ва инсони дарбадари дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшад.
Таҳлилҳо собит менамояд, ки ҳоло ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан аз кибертерроризм истифода мекунанд. Кибертерроризм ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст. Таҷрибаи бадастомада оид ба кибертерроризм шаҳодат медиҳад, ки хатари он бисёр давлатҳоро таҳдид мекунад. Кибертерроризм сарҳад надорад ва ҳар лаҳза метавонад ба низоми иттилоотии кишваре, ки дар ҳар нуқтаи кураи замин ҷойгир аст, таъсири манфӣ расонад.
Хусусиятҳои кибертерроризм ва афзудани шумораи одамони ба он шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Ҳаммаслаку думравони ТТЭ ҲНИ – ПМ дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Дар робита ба ин қайд намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Бадхоҳони миллат инро яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд. Майли сокинони сайёра ба гурӯҳҳои ифротӣ, масъалаи доғ маҳсуб мешавад ва дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад.
Дар интиҳои андешаи хеш, қайд менамоем, ки бадхоҳони миллат- Кабирию Муҳаммадиқбол ва думравонаш Беҳрӯзи Тағойзода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, нисбати кашварамон дасисабозиӣ мекунанд ва мо инро шадидан маҳкум менамоем. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки бадхоҳони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Беҳуда бузургон нафармудаанд: “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд”.

БОБОЕВ Ғ.Ғ.,
н.и.и., муаллими калони кафедраи
назарияи иқтисодии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *