НОШУКРРО НОН МЕЗАНАД!!!

Чанд сол аст, ки хоинони миллат ба монанди Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Илҳом Ёқубов аз самараҳои даврони Истиқлолият баҳраҳои зиёд бурда, роҳи гурезро пеш гирифта, дар хориҷи кишвар паноҳ бурданд. Онҳо мехоҳанд тарафдорону пайравони худро зиёд намуда, ин миллатро парешон созанд. Имрӯз, дар ҷомеаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки оромиву осудагии давлатро намехоҳанд, ба зидди давлату ҳукумат, сиёсати Пешвои миллат тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ суханони қабеҳу фитнаангез баён менамоянд. Ин хоинони миллат, ба монанди Кабирӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов тавассути сомонаҳо суханони фитнаангез гуфта, барои тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони худ машғуланд.

Дар ин ҷода, боз яке аз чеҳраҳои манфуре, ки оромию рушди давлати моро намехохад, ин Илҳом Ёқубов аст. Ин шахси бесавод ва манфур, ки бо тахаллуси Илҳом-боксёр машҳур аст,ҳамроҳи падараш Дадоҷон Ёқубов, ки ӯ ҳам яке аз хоинони миллат буда, дар хориҷа зиндагӣ мекунад. Илҳом Ёқубов вазифаи раиси федератсияи бокси вилоятро ба ӯҳда гирифта буд, чанд нафар ҷавононро гумроҳ ва хамақидааш кардааст. Кирдорҳои нохалафи мухолифон имрӯз амсоли Илҳом Ёқубов авҷ гирифтанист. Гарчанде, ки миллат алайҳи ӯву ҳаммаслаконаш мубориза барад ҳам, онҳо чун манқуртон ба хоҷагони худ вафодоранд вай мисли сагон шабу рӯз дар хидмати онҳоянд. Илҳом Ёқубов то кунун дарк накардааст, ки паси ин “Худогуфтан” –ҳо ва “ғами миллат” хӯрданҳои Муҳиддин Кабирӣ чи асроре ниҳон аст. Мо медонем, ки ҳодисаҳои нанговар  дар Тоҷикистон бо дасти кӣ шурӯъ шуду кадом дасти рашку ҳасуд бар иқболи пурсаодати миллати мо таҳдид ба миён овард. Кадомин нафарони бадхӯ, бадтинат ва фарзандони нохалаф, боис гардид, ки хуни ноҳақ бирезад.

Ҷиноятҳои Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ошкор шуд номбурда аз ватан фирор намуд. Имрӯз аз хориҷа истода мехоҳанд мамлакати тинҷу ороми моро нороом созанд. Шири модари тоҷик заҳри чунин фарзандони курнамаку носипосе бод, ки дар ҳаққи Ватану миллат ва Модари хеш чунин хиёнат намуда, тавқи лаънатро сазовор гардида, мардуми шарифи тоҷикро дар хиҷолат гузоштанд.  Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллат заҳматҳои зиёд кашиданд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Тоҷикистон пешина нест, имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки онҳо як чизро беҳтару хубтар дар идеалашон ҷой додаанд, ки онҳо як Модар як Ватан доранд, ки номаш Тоҷикистон аст!!!

                                                                     Ҷ.Ҷӯраев

                                     мудири шӯъбаи ба қайдгири ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *